Таҳияи дастури методии “Усули нигоҳдории фонди депозитарӣ” тақозои замон аст

Бо рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва афзоиши ҳаҷми захираҳои китобхонаҳо масъалаи нигоҳдории дарозмуддати ҳуҷҷатҳо ба яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти китобдорӣ табдил ёфтааст. Дар ин раванд шуъбаи депозитарии китобхонаҳо ҳамчун воҳиди махсус ташкил карда мешавад, ки вазифаи асосии он нигоҳдорӣ, ҳифз ва таъмини дастрасии дарозмуддати ҳуҷҷатҳои дорои арзиши илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Албатта, дар мавриди пайдоиши ин навъи фонднигоҳдорӣ дар фаъолияти китобхонаҳо таҳқиқотҳои арзанда ва санҷидашуда анҷом шудаву то имрӯз мавриди омӯзиши муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдории ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Мутаассифона, дар кишвари тозаистиқлоли мо мавзуи нигоҳдории фонди депозитарӣ ҳанӯз ба таври комил ва ё ба таври бояду шояд омӯхта нашуда, ин мавзуъ ва арзишу гардиши фонди депозитарӣ ба таври густарда равшанӣ пайдо накардааст. Аммо, инҷо ба маврид аст таъкид намоем, ки дар мавриди фонди депозитарӣ ва арзиши ҳуҷҷатҳои дар ин навъи хидматрасонӣ ҳифзшаванда, аз ҷониби муҳаққиқи ҷавон Нусратуллозода Идигул, собиқ корманди Китобхонаи миллӣ руҷуъ шуда, баъзе паҳлуҳои мавзуи мавриди назар ба таври чашрас рӯшан гардида, аз пайдоиши калимаи депозитар то ҳуҷҷатҳои имрӯз дар фонди шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ ҳифзшуда маълумотҳои ҷолиб овардааст. Вале, то имрӯз асаре ба майдони илми китобдории тоҷик ворид нашудааст, ки ҳолати кунуни фонди депозитарии китобхонаҳои ҷумҳурӣ, тарзу усули нигоҳдории онҳо ва чӣ зарурат доштани ин навъи фондро ба таври шоиста таҳқиқ анҷом дода бошад. Бинобар ин, дар ин мақола кушиш шудаст то баъзе паҳлуву аҳаммияти ин навъи фонд то андозае барои омӯзиш матраҳ гардидааст.
Аслан, калимаи «депозитарӣ» аз вожаи лотинии depositum гирифта шуда, маънои «амонат», «нигаҳдорӣ» ё «ба нигоҳдорӣ супурдан»-ро дорад. Дар илми китобдорӣ фондҳои депозитарӣ ҳамчун маҷмуи ҳуҷҷатҳое маънидод мешаванд, ки барои истифодаи ҳаррӯза пешбинӣ нашуда, вале аз сабаби арзиши баланди илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ бояд барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шаванд.

Ба андешаи олими маъруфи рус Ю. Н. Столяров, фонди китобхона низоми мураккаби иҷтимоӣ мебошад, ки вазифаи асосии он нигоҳдорӣ ва интиқоли дониш ба ҷомеа мебошад. Ӯ таъкид мекунад, ки фондҳои депозитарӣ қисми муҳимми фонди китобхона буда, барои нигоҳдории дарозмуддати ҳуҷҷатҳо хизмат мекунанд.
Олими дигар Ю. А. Гриханов чунин мешуморад, ки ташкил намудани фондҳои депозитарӣ имконият медиҳад, ки аз ҷамъшавии беасоси адабиёти камистифодашаванда дар толорҳои хизматрасонӣ пешгирӣ гардида, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои арзишманд ҳифз карда шаванд.
Тибқи тавсияҳои IFLA (International Federation of Library Associations and Institutions), китобхонаҳо бояд низоми самараноки нигоҳдории дарозмуддати ҳуҷҷатҳоро ташкил намоянд, то ки мероси ҳуҷҷатии инсоният барои наслҳои оянда ҳифз гардад.
Ҳамчунин, созмони бонуфузи UNESCO нигоҳдории мероси ҳуҷҷатиро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, дар доираи барномаи «Memory of the World» китобхонаҳоро ба нигоҳдорӣ ва рақамикунонии ҳуҷҷатҳои арзишманд ташвиқ менамояд.
Аз ин бармеояд, ки шуъбаи депозитарӣ танҳо анбори китобҳо нест, балки маркази илмии нигоҳдорӣ, ҳифз ва идоракунии мероси хаттии ҷомеа мебошад.
Аввалин шаклҳои нигоҳдории мутамаркази китобҳо ҳанӯз дар китобхонаҳои қадимаи Миср, Юнон ва Рум ба вуҷуд омада буданд. Китобхонаи Искандария яке аз аввалин марказҳое маҳсуб меёбад, ки дар он китобҳо бо мақсади нигоҳдории тулонӣ ҷамъоварӣ мегардиданд.
Дар асрҳои миёна дайрҳо ва китобхонаҳои динӣ марказҳои асосии нигоҳдории дастхатҳо буданд. Бо ихтирои дастгоҳи чопи Иоганн Гутенберг дар асри XV шумораи китобҳо босуръат зиёд гардид ва зарурати ташкили ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ ба миён омад.
Дар асри XIX китобхонаҳои миллӣ дар Аврупо ба ташкили фондҳои махсуси нигоҳдорӣ оғоз намуданд. Дар асри XX мафҳуми «фонди депозитарӣ» шакли илмӣ гирифта, дар Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи нигоҳдории адабиёти камистифодашаванда ташкил карда шуд.
Дар солҳои 1960–1980 олимони рус, аз ҷумла Ю. А. Гриханов, Ю. Н. Столяров ва дигарон асосҳои илмии ташкили фондҳои депозитариро таҳия намуда, меъёрҳои интихоб, ҷойгиркунӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карданд.
Дар асри XXI бо рушди технологияҳои рақамӣ фаъолияти шуъбаҳои депозитарӣ низ тағйир ёфт. Имрӯз китобхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамзамон бо нигоҳдории нусхаҳои аслӣ, ба рақамикунонии онҳо машғуланд.
Мақсади асосии шуъбаи депозитарӣ таъмини нигоҳдории бехатар ва истифодаи оқилонаи захираҳои китобхона мебошад. Вазифаҳои асосии ин шуъба нигоҳдории дарозмуддати китобҳо ва ҳуҷҷатҳо, ҳифзи нашрияҳои нодир ва арзишманд, ташкили фонди эҳтиётӣ, пешгирии фарсудашавии ҳуҷҷатҳо, хидматрасонӣ ба муҳаққиқон, иштирок дар мубодилаи байникитобхонавӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳо барои рақамикунонӣ, назорати шароити физикии нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бахшу шуъбаҳои китобхонаҳо ва татбиқи технологияҳои нави ҳифзи мероси ҳуҷҷатӣ мебошад.
Фаъолияти шуъбаи депозитарӣ барои рушди илму фарҳанг аҳамияти калон дорад, зеро мероси миллиро ҳифз мекунад, дастрасии олимонро ба манбаъҳои нодир таъмин менамояд, барои рушди таҳқиқоти илмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, муҳлати истифодаи китобҳоро дароз мекунад, ба рақамикунонии фондҳо мусоидат менамояд, хароҷоти китобхонаро барои нигоҳдории нусхаҳои такрорӣ кам мекунад.
Таҳлил нишон медиҳад, ки шуъбаи депозитарии китобхона яке аз унсурҳои муҳимми низоми муосири китобдорӣ мебошад. Таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва тавсияҳои UNESCO ва IFLA собит месозанд, ки рушди фаъолияти фондҳои депозитарӣ барои ҳифзи мероси илмӣ ва фарҳангӣ аҳамияти калидӣ дорад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ такмили фаъолияти чунин шуъбаҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани таҷрибаи байналмилалӣ метавонад ба ҳифзи муассири захираҳои китобхонаҳо ва рушди соҳаи китобдорӣ мусоидат намояд.
Аз ин дидгоҳ, махсус бояд ишора кард, ки дар шароити рушди низоми китобдорӣ ва таҳкими фазои илмии соҳаи китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи нигоҳдории дурусти фонди депозитарӣ аҳаммияти хоса касб намудааст. Фонди депозитарӣ ҳамчун махзани мероси илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллат ба усулҳои муосири нигоҳдорӣ, ҳифз ва мудирият ниёз дорад. Бо вуҷуди ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ дастури ягонаи методӣ, ки тартиб ва меъёрҳои нигоҳдорӣ, ҷойгиркунӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи фонди депозитариро ба таври илмӣ танзим намояд, вуҷуд надорад.
Аз ин рӯ, таҳияи дастури методии нигоҳдории фонди депозитарӣ барои муассисаҳои китобдорӣ на танҳо як зарурат, балки талаботи замон мебошад. Чунин дастур ба муттаҳидсозии таҷрибаҳои пешқадам, татбиқи меъёрҳои ягонаи касбӣ, беҳтар гардидани сифати ҳифзи захираҳои нодири китобӣ ва таъмини нигоҳдории дарозмуддати мероси илмӣ ва фарҳанги миллӣ мусоидат намуда, барои рушди фаъолияти илмӣ ва китобдории кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Матинзода Зуҳро Эшдавлят,
сардори шуъбаи депозитарӣ.