Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир. Дастури библиографӣ

“Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир” номи як дстури нави библиографӣ аст, ки ба тозагӣ зери назари доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Абдухолиқзода дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Дастур аз ҷониби Зебонисо Давлатова мураттаб шуда, корҳои муҳарририро Абубакр Манонзода анҷом додааст. Муҳаррири техникӣ Зафар Сайидзода. Ба китоб донишманди маъруфи тоҷик Шодимуҳаммад Сӯфизода тақриз навиштааст.

Дар пешгуфтор омадааст, ки китобномаи мазкур аз дӯстию бародарӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек доир ба саъю талошҳои марди шуҷоъ ва дурандеш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳикоят мекунад. Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд, дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек таърихи дуру дароз дорад. Ду халқи ба ҳам бародар аз аҳди қадим паҳлӯ ба паҳлӯ дар як муҳит зиндагӣ мекарданд. Аз ҳамин лиҳоз дӯстӣ ва ризоияти ҳамдигарӣ барои рушди ҳамкори ҳамчун асос хидмат мекунад, дар ин китобнома насб шудааст.

Дастури библиографӣ бо мақсади нишон додани дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба даст овардани сулҳу субот, истиқлолияти ду кишвар ва робитаҳои дӯстию бародарӣ таҳия гардидааст.

Китобнома аз 3 қисм иборат мебошад. Қисми аввал. Адабиёт доир ба дӯстии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Қисми дуввум. Мавод аз саҳифаҳои матбуот, нашрияҳои даврӣ ва давомдор. Дар қисмати сеюм  кумакфеҳристҳо мавзӯӣ ва алифбоии ашхос, инчунин мундариҷа иборат буда, барои зуд пайдо кардани адабиёти лозима кӯмак мерасонад.

Бояд қайд намуд нишондиҳандаи мазкур ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таҳия гардидааст, аз рӯи сол бо тартиби алифбо тасниф шудааст. Дар маҷмуъ дар китобномаи номбурда 625 мавод ҷой дода шудааст, ки 44 маводи он электронӣ мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки феҳристи мазкур ба талаботи стандартҳои библиографии замони муосир ҷавобгӯ буда, ба манзури хонандагон гардонидан ва инъикоси пурраи мавод мувофиқи матлаби зарурӣ шуморида мешавад. Бинобар ин, баъд аз интишор гардидани китобномаи “Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ўзбекистон дар замони муосир” хонандаи муҳтарам метавонад дар кутоҳтарин муддат матолиби заруриро дар бобати дӯстию бародарӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек пайдо кунанд.

Китоби мазкур дар Конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявии таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳуввиятофари миллат” 12. 08. 2026. шуда гузашт, ба меҳмонон ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.

Таҳияи Зебонисо Давлатова,

мутахассиси пешбари Медиатекаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон