Таҳлили “Ёрони боҳиммат” ва “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода дар як маҳфили адабӣ

Имрӯз, 25 – августи соли 2026 дар толори “Фурӯғ”-и  Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ таҳти унвони “Таҳлили асарҳои Сотим Улуғзода”  баргузор гардид.  Дар нишасти имрӯза оиди ду асари адиби маъруф: “Ёрони боҳиммат” ва “Ривояти суғдӣ” миёни ширкаткунандагон баҳс сурат гирифт.

Ёрони боҳиммат” аввалин асари калонҳаҷми нависандаи бузург Сотим Улуғзода ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки маҳз ҳамин асар роҳи ӯро ба нависандагӣ мунаввар сохт, барояш ин имконро фароҳам овард, ки минбаъд далерона дар роҳи офаридани қиссаву романнҳо қаламкашфӣ кунад.

Асар ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуда, як сужаи пурпечутоб бо тасвири сарнавишти печидаи инсонҳоро дар бар мегирад. Он замон тасвири ҳаёти ҷангиву баъдиҷангӣ яке аз мавзуъҳои муҳим ба шумор мерафт.

Повести “Ривояти суғдӣ” бошад, як қиссаи таърихист ва аз машҳуртарину шавқовартарин қиссаҳои таърихии адиби маъруф ба шумор меравад. Бори аввал аз анҷоми қиссае бо ин ном Сотим Улуғзода соли 1975 хабар дода буд ва ин ҳамон замоне буд, ки қисса дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Ду сол баъд он дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандаи тоҷик расид ва ҳамзамон барои муаллиф маъруфият овард.

Ин қиссаи пуршӯр заминаи таърихӣ дошта, чанд лаҳза аз муқовимати суғдиёт бар зидди арабҳои ишғолгарро тасвир мекунад. Шуҷоату далерии суғдиён дар чеҳраи чанд нафар, бахусус Виркани паҳлавон ва шуҷоӯ мавриди тасвир қарор гирифтааст.

Садри маҳфил Сорбон Ҷалолуддинзода ҳамзамон бо ироаи маълумоти кутоҳ дар бораи осори Сотим Улуғзода бо ширкаткунандагон атроофи ҳамин ду асари адиби шинохта вориди баҳс шуд.

Маълум гардид, ки аксари иштирокдорон маълумоти кофӣ дар бораи ҳам Сотим Улуғзода ва ҳам дар бораи ду қиссаи хуби ӯ “Ёрони боҳиммат” ва “Ривояти суғдӣ” доранд. Дар ҷараёни суҳбат онҳо талош мекарданд, дар бораи хати сужа, ҳадафи иншои ин ду қисса, то куҷо комёб будани Сотиб Улуғзода дар офаридани образи таърихии Виркан ва ғайра зиёдтар донанд.

Барандаи маҳфил ба хонандагон фаҳмонд, ки Виркани тасвирнамудаи Сотим Улуғзода тимсоли ҷавонмардӣ, нанг, номус ва ватандӯстии суғдиён ва посдори ишқу муҳаббати пок аст. Ӯ дар набардҳо худро ҳамчун ҷанговари бебоку далер нишон медиҳад ва онро собит менамояд, ки Суғдиён ҳамеша зидди ишғолгарон ҳамин гуна бебокона мубориза мебурданд ва дар роҳи озодии Ватан ҷони худро қурбон мекарданд.

Сотим Улуғзода аз ҷумлаи машҳуртарин адибони тоҷик аст, ки бо осори мондагораш номи худро дар адабиёти муосири тоҷик ҷовидонӣ кардааст. Аз ин адиби пуркору донишманд ва ҷӯёву пурдон асарҳое чун «Ёрони боҳиммат» (1947), «Навобод» (1953), «Субҳи ҷавонии мо» (1954), «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1965), «Восеъ» (1967), Достонҳои «Шоҳнома» (дар ду ҷилд, 1977), «Ривояти суғдӣ» (1984), «Фирдавсӣ», “Пири ҳакимони Машриқзамин” ва драмаву киносенарияҳо боқӣ мондааст.   

Кароматхон АСОЕВА,

бахши матбуот ва робита

ба ҷомеа.