“Таҳзиби ахлоқ”-и Муҳийиддин Ибни Арабӣ. Аввалин талоши шиносоии донишманд дар Тоҷикистон
Донишманд ва фақеҳи бузург, намоянда ва назарпарадози ҷараёни суфия, бунёдгузори таълимоти “ваҳдати вуҷуд” ва ҷонибдори андешаи инсони комил Муҳйиддин ибни Арабӣ (1165-1240), маъруф ба “Шайхи акбар” аз зумраи пуркортарин муаллифони ирфони назарӣ буда, муҳаққиқон дар ҳикмату фалсафа ва шеъру адаб 856 асар навиштанашро таъйид намудаанд. “Таҳзиби ахлоқ” яке аз рисолаҳои бисёр судманди Ибни Арабӣ буда, дар он муаллиф сифатҳои инсони комили дорои хислатҳои неку писандида ва равише, ки ўро ба ин мартаба мерасонад ва ин манзалатро барои ў ҳифз мекунад, баён кардааст.
Ин китоб ахиран аз ҷониби Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон бо гузиниш, тасҳеҳ ва вероиши Шодӣ Шокирзода дар нашриёти “Меҳроҷ граф” чоп шудааст.
Дар оғози китоб, дар бахши “Ёддошти мутарҷим” омадааст: Ибни Арабиро муаррифӣ намоем ё аз ў таъриф кунем? Бо он ки ин ду водӣ аз ҳам ҷудо ва мутамоизанд, дар фазои кунунии мавҷуд дар бораи ў яке шудаанд ва ҳар ду даст ба дасти ҳам додаанд ва ўро аз дастраси мо дур месозанд.
Ибни Арабӣ марди ситораҳо, марде дар осмон, орифе шигарф, мавҷуде аҷиб, инсоне шигифтиангез ва шигифтисоз, фарде, ки модари рўзгор монанди ўро кам зоидааст. Ин гуна суханон ва баёнҳои дигаре аз ин даст ҳамвора моро бо шабеҳе аз як мавҷуди ношинохта ва ҳатто ношинохтанӣ рў дар рў кардааст ва бисёр рўшан аст, ки имкони шинохти симои содиқи вай бо ин шаклу шамоил ноҳамвору номуяссар аст; зеро дар ҳар ҳол ўро марде дар он дурдастҳо муаррифӣ мекунад,марде дастнаёфтанӣ, ноёб ва дастикам камёб.
Воқеитарин таърифе, ки аз ин инсони арҷманд дидаем, ин иборат аст: Ибни Арабӣ – чеҳраи барҷастаи ирфони исломӣ. Албатта, интизор мерафт ва ҳанўз ҳам ин интизори баҷо ҷои худ боқист, ки дар диёре, ки аксари аҳли дил ва ирфони он дам аз Ибни Арабӣ мезананд ва дар таъомулҳои фарҳангӣ ва ҳатто дар тақобулҳо санги бархудорӣ аз вуҷуд ва хони густардаи Ибни Арабиро ба сина мезананд ва ба сурати шигарф ўро дар қабзу бастҳои роздонӣ ва рўшанфикрӣ ҳам ҷой меҳанд ва ҳамзамон ва басе пеш аз ин пружаҳо дар бистарҳои суннатитар ба шаҳру баёни мақолоту мақомоти вай мепардозанд, бештар аз ин сатҳу андоза бо вай мўнису ҳамдам мешудем, аммо нашудаем!
Дар ин авоҳир ҳам, ки ба далоиле пайдо ё пинҳон тўфонвор даст ба тарҷумаи осори вай зада шудааст ва ҳатто гоҳе ду тарҷума аз як асари вай фароҳам омадааст, кам иттифоқ афтодааст, ки асари аз вай дуруст ва мунаққаҳ тарҷума ва чоп шавад; чи бирасад ба осоре, ки агар нагўем дар ҳар сатр, дастикам дар ҳар банд ва фасли он чанд иштибоҳи фоҳишу фозеҳ вуҷуд дорад…
Идомаи ин сарсуханро мтавонед аз ҳамин китоб бихонед.
Саодат. НАБИЕВА, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.