Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Китобхонаи миллӣ

КамолзодаШуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон таҳти унвони “Гар дасти фитодае бигири мардӣ” маҳфили фарҳангӣ доир намуд.

Дар ифтитоҳи маҳфил Сайфиддин Камолзода муовини директори Китобхонаи миллӣ суханрони намуда, изҳор дошт, ки аз замони соҳибистиқлолӣ тамоми талоши давлату ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кафолати иҷтимоии мардум хусусан маъюбон равона гардида, дар кишвар заминаи ҳуқуқии ин қишри ҷомеаро мавриди таҳия ва бараси қарор додаанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки вазифаҳои асосии шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд, ки дар сохтори асосии Китобхонаи миллӣ фаъолият мекунад, омӯзишу таҳлили хизматрасонӣ ба ин гурӯҳи шахсон, ҷалби онҳо ба китобу китобхона, бунёди фонди электронӣ, китобҳои гӯё, такмили фонди шуъба бо адабиёти тозанашри махсус, бақайдгирии ройгони хонандагон, таҳлили дархости онҳо ва гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои хайриявӣ ба ҳисоб меравад.

маъюбонТашкили маҳфили “Гар дасти фитодае бигири мардӣ” аз зумраи чунин намоишҳост, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи шахсони дорои имкононти маҳдуддошта ба ҷомеа ва дар замири онҳо бедор намудани завқи китобхонӣ ва китобдонист.

Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳунармандони саршиноси кишвар устод Ҷурабек Муродов, Хосият Ортиқова, Амирҷон Рӯзиев ва ҳамчунин аъзоёни шуъбаи мазкур Холов Муҳаммадҷон ва Билол бо суруду мусиқиҳои дилнишин хотири ҷамъомадагонро шод намуданд.

Дар интиҳо аз ҷониби сарпарастони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд аз қабили маводи ғизоӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа