Таҷлили бошукӯҳи Наврўз дар Китобхонаи миллӣ
Наврўз яке аз ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстонаи хеш-дўстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат, мардумро гирди ҳам меорад.
Ин суханони директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода буд, ки имрўз зимни таҷлили иди байналмилалии Наврўз дар Китобхонаи миллӣ иброз намуд. Ў меҳмонону ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврўз, ҷашни эҳёи табиат, пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар ин Соли нави аҷдодӣ ба мардуми азизи кишвар саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати Наврўзӣ ва соли неку бобарор орзу намуд.
Дар идомаи суханрониаш профессор Файзализод афзуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги куҳани хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Наврўз, ки аз ҷашнҳои суннатии халқи тоҷик мебошад имрӯз бо тамоми суннат ва анъанаҳои деринаи худ бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешавад. Боиси ифтихори мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф гардида, ба он мақоми байналмилалӣ дода шудааст. Ҳамаи ин аз заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Сарвари Киобхонаи миллӣ ҳамчунин афзуд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рўйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврўз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд. Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз дошт, ки бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса аз номи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон ҳамаи Шуморо бо ҷашни Наврўи байналмиллалӣ, фарорасии Соли нави аҷдодӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо дар иҷрои вазифаи хеле масъулиятнок барору комёбиҳои тоза хоҳонам.
Муҳиддин Пайшанбезода ифтихор аз он кард, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон-Наврўз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё шуда, дар саросари мамлакат бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои наврўзии имсола изҳори доштанд, ки “ҷашни Наврўз ва истиқлолу озодӣ-ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас-дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврўз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд”, изҳор намуд Муҳиддин Пайшанбезода.
Дар тантани наврўзӣ дар Китобхонаи миллӣ як зумра кормандони фаъоли китобхона барои фаъолиятҳои пурсамар ва ширкат дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи-демократӣ дар шаҳри Душанбе як қатор кормандони Китобхонаи миллиро бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо барои хизматҳои шоён дар амалӣ намудани сиёсати пешгиритфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми муносиб дар баланд бардоштани руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ қадрдонӣ кард.
Ду нафар Кормандони Китобхонаи милӣ – мушовири директори Китобхонаи миллӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шосаидзода Сафар бо унвонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва сардори шуъбаи муҳосиботи Китобхонаи миллӣ Раҷабалӣ Пиров бо унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Маҳфили ҷашнӣ бо ҳунарнамоии овозхонҳои маъруфи кишвар ва кормандони Китобхона, намоиши анъанаҳои нарвўзӣ рангину зебо гузашт. Ин чорабинии шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ бо ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ ва суфраи Ҳафт сину Ҳафт шин ҷолибу зебо доир гардид. Маҳфил аз ҷониби телевизионҳои давлатии кишвар наворбардорӣ шуданд. Ҳамзамон дар ташкил намудани маҳфили наврўзӣ саҳми Шўрои бонувони китобхонаи миллӣ назаррас буд.
Дар фарҳанги мардуми мо ин ҷашни фархунда мақоми хосса дошта, баъди соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо тамоми шукўҳу ҷалолаш эҳё гардид ва ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфта, дар сартосари ҷумҳурӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар ин рўз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, навъҳои гуногуни бозиҳои миллӣ доир мегарданд.
Наврўз бо хусусиятҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, имрўзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.