Таҷлили бошукуҳи Рўзи Модар дар Китобхонаи миллӣ

Рўзи МодарИмрўз Китобхонаи миллӣ Рўзи модарро бо шукуҳи хосса, ки арзандаи бонувон аст, таҷлил намуд. Ибтикороти маҳфили Рўзи модарро Шўрои бонувони Китобхона ва шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангӣ рўи даст гирифт.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода бонувони аззиро ба рўзи ҷашнашон табрик гуфта, барояшон тансиҳативу рўзгори обод ва шукуфоӣ таманно намуд. Вай аз ҷумла гуфт: Дар замони соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат ба Шумо занҳои нозанин арҷи беназир гузоштанд. Ҳанўз соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа боло бардошта шуд. Аз ҳамон рўз занон дар қатори мардон дар як хати мусовӣ ба миллат хидмати содиқона карданд ва то имрўз ифтихори оламиён гаштанд. Вақте номи модарро ба забон мегирам вуҷудамро эҳсосе фаро  мегирад, ки ҳамон модаре, ки ба дунё Исмоили Сомонӣ, Абўалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, аз ҷумла Пешвои муаззами миллати моро, ки ба ҷаҳон моро шиносониданд, ба дунё оварданд, пеши назар меояд. Ба хотири ин модарон боз як бори дигар сари таъзим фуруд меорем. Модароне буданд, ки моро бо меҳру муҳаббат ва садоқат ба камол расонданд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар доираи Рўзи модар миёни бонувони Китобхона баргузор ва ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Дар идомаи маҳфили ҷашнӣ муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода бонувони Китобхонаи миллиро ба муносибати ҷашнашон табрик намуда, ҳамзамон озмуни «Беҳтарин кадбону»-ро ҷамъбаст намуда, ғолибонро бо туҳфаҳои иттифоқи касабаи Китобхона сарфароз гардонд.

Ў бонувонро барои заҳматҳои кашидаашон ҷиҳати омода намудани ғизоҳои миллӣ барои озмуни зикршуда таҳсин хонда умед кард, ки бонувони Китобхона дар хонаводаашон кадбону ва модару хоҳару духтари арзандаву соҳиби иззату ифтихор мегарданд.

Барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни модарон бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, табъи занҳои зебои Китобхонаро шоду хуррам гардонданд.

Раҳима Аъзам,
бахши матбуоти
двари ва робита бо ҷомеа.