Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи Миллӣ

Директори Китобхонаи миллӣИмрӯз, 20 уми март дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Наврӯзи байналмиллалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар ин маҳфили бошукӯҳ роҳбарияти Китобхона, Пайшанбезода Муҳиддин-мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кормандони китобхона ширкат доштанд.

Нахуст, меҳмонон аз хони наврӯзӣ, ки иборат аз ҳафтшин ва ҳафтсин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаи мероси ниёгон, гӯшаи намоиши китоб, намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо иборат буд, дидан намуда, бо дастовардҳои муассиса ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ошнои пайдо карданд.

Дар идома ҳамчун рамзи омод-омади Наврӯз ва айёми киштукор  “Баҳор “ ва “Бобои деҳқон” ба саҳна омада, ба ҳамагон муждаи Наврӯзу баҳорро оварданд.

Сипас, директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода бо сухани ифтитоҳи иштирокчиён ва меҳмононро ба муносибати Наврӯзи фархунда табрику таҳният намуд. Директори Китобхонаи миллӣ қайд кард, ки  Наврӯз – ҷашни қадимаи ниёгони миллати тоҷик буда, аз умқи таърих сарчашма мегирад. Боиси хушнудист, ки бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ гашта ва ҷуғрофияи фарогирии он паҳновар гаштааст.

Муҳиддин Пайшанбезода

Баъдан, Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  суханронӣ карда, аз таърии Наврӯзи байналмилалӣ, ҳадафҳои Пешвои миллат баҳри ҷаҳонигардолнии ин ҷашни ниёгон, расму оинҳои қадимаи халқи тоҷик ва дигар анъанаҳои  Наврӯзӣ ёдовар шуд.

Қисми фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири шеъру суруд, рақсу бозиҳои қадимӣ аз ҷумла бандкашӣ, дастхобонӣ, ҳамчунин муйсарбофӣ иборат буд, идомабахши  ин маҳфили фарҳангӣ гардид.

Ғолибони озмунҳои болозикр аз ҷониби муассиса бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷом як қатор кормандони муассиса, баҳри фаъолияти босамар бо Ифтихорномаи роҳбарияти муассиса, ҳамчунин “Сипоснома”-ҳо аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳавасманд гардиданд.

  • kmt_navruz_2025_Image20
    kmt_navruz_2025_Image20
  • kmt_navruz_2025_Image21
    kmt_navruz_2025_Image21
  • kmt_navruz_2025_Image09
    kmt_navruz_2025_Image09
  • kmt_navruz_2025_Image01
    kmt_navruz_2025_Image01
  • kmt_navruz_2025_Image02
    kmt_navruz_2025_Image02
  • kmt_navruz_2025_Image03
    kmt_navruz_2025_Image03
  • kmt_navruz_2025_Image04
    kmt_navruz_2025_Image04
  • kmt_navruz_2025_Image05
    kmt_navruz_2025_Image05
  • kmt_navruz_2025_Image06
    kmt_navruz_2025_Image06
  • kmt_navruz_2025_Image07
    kmt_navruz_2025_Image07
  • kmt_navruz_2025_Image08
    kmt_navruz_2025_Image08
  • kmt_navruz_2025_Image10
    kmt_navruz_2025_Image10
  • kmt_navruz_2025_Image11
    kmt_navruz_2025_Image11
  • kmt_navruz_2025_Image12
    kmt_navruz_2025_Image12
  • kmt_navruz_2025_Image13
    kmt_navruz_2025_Image13
  • kmt_navruz_2025_Image14
    kmt_navruz_2025_Image14
  • kmt_navruz_2025_Image15
    kmt_navruz_2025_Image15
  • kmt_navruz_2025_Image16
    kmt_navruz_2025_Image16
  • kmt_navruz_2025_Image17
    kmt_navruz_2025_Image17
  • kmt_navruz_2025_Image18
    kmt_navruz_2025_Image18
  • kmt_navruz_2025_Image19
    kmt_navruz_2025_Image19

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.