Таҷлили Рўзи байналмилалии оила дар Китобхонаи миллӣ
15-уми май ҳамасола дар ҷаҳон Рўзи оила ҷашн гирифта мешавад. Шўрои бонувони Китобхонаи миллӣ низ ба ифтихори ин рўз маҳфили “Нақши модар дар тарбияи фарзанд ва пойдории оила” –ро барпо намуд. Дар он муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова ва Мамадалӣ Сабоҳат Рустам – мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро ифтитоҳ намуда, Рўзи байналмиллалии оиларо ба ҳамагон табрик намуд ва аз нақшу мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоӣ гуфт. Нурзода таъкид намуд, ки оила сарчашмаи хушбахтии инсон аст. Ў хонаводаро макони муқаддас ва шоҳсутуни асосии давлатдорӣ номид ва барои рушду инкишофи кӯдакон ва некуаҳволии тамоми аъзои он нақши онро муҳим донист.
– Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад, таъкид намуд ў зимни ин суҳбат.
Ў дар идома аз дастгириҳову таваҷҷўҳи сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон изҳори назар намуда, шеъри эҷодкардаашро, ки ба занон бахшида аст, қироат кард.
Ҷалолуддин Нурзода аз модарону хоҳарон хоҳиш намуд, ки хонаводаро арҷ бигузоранд ва дар пойдории хонавода нақши асосӣ бибозанд.
Профессор Бибиҳафиза Маҷидова ҳозиринро ба Рўзи оила табрик намуда изҳор дошт, ки аз рўзе одам чун мавҷудоти бошуур арзи вуҷуд дорад, оила буд, ҳаст ва мемонад. Ҳар кадоми мо дар тўли умр 3 ҳаёти оилавиро аз сар мегузаронем: Оилае, ки мо дар он ба дунё меоем, оилаи падару модари мо аст, ки таҷрибаи зиндагӣ мегирем ва худ хонавода бунёд карда дар ҷомеа рисолати волидайнии худро иҷро мнамоем.
Агар рисолати падариву модарии худро сазовор иҷро кунем, дар назди оилаи фарзандон ин ҷаҳонро падруд мегўем. Инсоният чандҳазор соле, ки бошад бе оила ва берун аз оила вуҷуд дошта наметавонад.
Дар ҷомеаи муосир ҳар дигаргуние ба вуҷуд биёяд, ба оила таъсир мерасонад. Ва вобаста ба дигаргуниҳои ҷомеа аз ҷиҳати фарҳангӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, сиёсӣ оила ҳам онҳоро ба худ қабул мекунад. Бартараф кардани мушкилоти хонаводаҳо бар души сарварони оилаҳо -падарону модарон аст. Агар мушкилот набошад ва сарварони олаҳо муттаҳид шуда, ин душвориҳоро бартарф накунанд, зиндагӣ маъно надорад.
Дар идома Бибиҳафиза Маҷидова аз мушкилоте, ки дар назди оилаи имрўз истодааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Додани маълумот ба фарзандонро аз чунин мушкилот унвон кард. Зеро ҳар падару модар мехоҳад ба фарзандон таълиму тарбия ва касбу ҳунарро омўзонад, ки оянда фарзандон зиндагии сазовор дошта бошанд.
Ба назари ў мушкилоти дигаре, ки имрўз оилаи тоҷик дорад, пешгирӣ кардан аз равияҳои тундрав аст. Профессор Маҷидова иллати гаравидан ба равияҳои тундгароии фарзандонро таъсири технологияҳои иттилоотӣ донист, ки дар натиҷа «на танҳо онҳо, балки хонаводаҳо, сарварони хонаводаҳо, ҷомеаву давлат ба мушкилиҳо дигар дучор мешавад». Нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ низ ба андешаи ин донишманд аз мушкилоти дигар боқӣ мемонад.
Мамадалӣ Сабоҳат Рустам мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимнисуханронӣ иброз дошт, ки имрўз мо аз нақши зан-модар сухан мекунем. Маҳз бузургиву шаҳомати модар ба ҳаёти мо ҳар рўз таровату накҳати дучандро зам мекунад. Мо имрўз занро чун соҳибкор, сиёсатмадор ва намояндаи дигар касбу кор мебинем. Умуман соҳае нест, ки нақши зан дар он калидӣ набошад. Аз минбарҳои баланд бо ифтихори баланди миллӣ ҳарф мезанем.
Бо ташаббусу дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари муаззами миллат чӣ қадар хонаводаҳои тоҷик аз Сурияву Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин маҳфили хотирмону бошукуҳ ҳунармандону овозхонон хотири меҳмононро бо барномаи ҳунарӣ шод гардонданд.
Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.