Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кўдакон дар Китобхонаи миллӣ

1-(28) Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфил бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон доир намуд, ки он «Пайравони Пешвои миллатем» унвон гирифт. Хонандагони фаъоли шуъбаи мазкур  дар маҳфил ширкати назаррас доштанд.

Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода, ки ин маҳфили ҷашниро оғоз намуд, кўдаконро хушбахтарини насли башар номид ва зикр кард, тамоми шоирону нависандагон барои кўдакон шеъру навиштаҳои хубашонро бахшидаанд. Ў кўдакону наврасонро бо идашон таҳният гуфта, барояшон умри дароз, тани сиҳат ва хушбахтиҳои зиндагӣ таманно кард. Ва гуфт ҳамеша сарбаланду хушбахт бошед, чун ояндаи миллат дар дасти шумост. Дар поёни суханони табрикиаш ба кўдакон саодати рўзгор, хушбахтӣ ва дониши боло орзу намуд.

3-(9)Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шоир Муродалӣ Собир ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ нависанда Азизи Азиз дар ин маҳфил ширкат ва суханронӣ намуданд.

Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, Филармонияи давлатии бачагона, ансамбли рақсии «Меҳрона», хонандагони гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» бо рақсу суруд ва саҳначаҳо ҷаззобу диданӣ ва тарбиявӣ дар мавзуҳои мактабу мутолиа ва ахлоқу одоби воло хотири бинанандагони хурдсолро шоду хуррам гардонданд.

5-(3) Сирки давлатӣ низ бо намоишҳои чашмбандӣ кўдаконро ҳайрон намуду онҳоро ба шўру валвала овард.

Ҳаҷвнигорони театри миниётурии «Оина» дар мавзуҳои барои бачагон ошно, дарсгурезӣ, оворагӣ ва оқибатҳои он намоишномаи диданиву омўзишӣ таҳия намуда, ба воситаи он дар рўҳи кўдаконро омўзиш ва тарбияро таблиғ намуданд.

Овозхони ҷавону хушовоз Париноз Ҳақназарова бо сурудҳои шӯху рақсӣ ба табрики наврасон омада онҳоро хушҳолу хушбахт гардонд.

Овозхони наврасу пуристеъдод Афзалшоҳи Сафарзод, ки ғолиби озмуни «Во весь глос»-и Маскав аст, бо суруди зебое ҳамсолонашро дар идашон шод намуд. Навозиши асбобҳои мусиқӣ низ аз ҷониби хонандагони шуъбаи кўдакон ва наврасони китобхона дар маҳфил садо дод, ки боиси хушҳолии наврасон гардид.

Китобхонаи миллӣ ҳар сол Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон-1-уми июнро ботантана таҷлил менамояд. Қарор аст рўзи 1-уми июни соли 2024 шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ низ ин ҷашнро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Серена» таҷлил намояд.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот вар обита бо ҷомеа.