Таҷлили “Рӯзи маъбони Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ
Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” маҳфили идона бахшида ба “Рӯзи маъюбони Тоҷикистон” доир гардид. Дар ин маҳфил як гурӯҳ маъюбон ва аъзоёни фаъоли шуъбаи мазкур ҳамчунин кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи ин тадорукот муовини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода суханронӣ карда, қайд намуд, ки маъюбон аз ҷомеа ва давлату ҳукумат дур набуда ҳамеша дастгири меёбанд. Пешвои миллат низ дар вохӯриҳо ва суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки тамоми шароиту имконотро барои зиндагӣ, таҳсил ва беҳбудии ин қишри ҷомеа муҳайё сохта пайваста ғамхорӣ ва дастгирӣ мекунанд.
Бояд гуфт дар Китобхонаи миллӣ аз замони таъсисёби то имрӯз шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд фаъолият мекунад, ки мақсади он ҷалби бештари ин қишри ҷомеа ба китобхонӣ ва бедор намудани завқи онҳо ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ мебошад. Ҳамин аст, ки пайваста дар шуъбаи мазкур маҳфилу чорабиниҳо бо ҷалби аъзоёни фаъоли он доир гардида, табъи онҳоро хуш мегардонанд. Ин навбат бо мақсади таҷлил аз “Рӯзи маъбон дар Тоҷикистон” ба маҳфили идонаи онҳо ҳунармандони саршиноси кишвар даъват шуда рақсу суррудхонӣ карданд. Маврид ба зикр аст, ки аъзоёни шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҳамчунин дорои қобилияту истеъдодҳои махсус буда, аз уҳдаи сурудхонӣ, рақс ва навозандагӣ низ ба хубӣ мебароянд. Имрӯз низ чанде аз фаъолони шуъбаи мазкур дар маҳфил сурудхонӣ карда,таъби ҳозиринро шод гардониданд.
Дар бахши дигари маҳфил ба як қатор кормандон ва аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд “Сипоснома” дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Бояд гуфт, ки дар шуъбаи мазкур зиёда аз 1000 нафар хонандагон аъзо буда, дар толори хониши он ҳамчунин 14 адад компютерҳо насб шудаанд, ки барои аъзоёни шуъбаи мазкур вобаста ба имконот хизмат мерасонанд.
Дар фарҷом аз ҷониби соҳибкорон ба шахсони дорои имконоти маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Наргис Назарзода,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа