Таҷлили “Рӯзи маъюбон” дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи маъюбонИмрӯз бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи маъюбон”  доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, намояндагон аз Вазорати корҳои дохилии ҶумҳурииТоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигорон, аъзоёни фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Маҳфилро муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода оғоз намуда, ҳозиронро ба муносибати “Рӯзи маъюбон” муборакбод кард. Вай гуфт:

– Шумо қишри ҷудонашавандаи ҷамъият ҳастед. Ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабинию маҳфилҳо ин ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилот ва дурнамои ин гурӯҳи ҷамъият мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша барои ҳимояи манфиатҳои шумо тадбирҳои муҳим меандешад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва санадҳои дигар ҳуқуқҳои маъюбонро ҳифз кардаанд.

Рӯзи-маъюбонСалима Раҷабзода дар идомаи суханронии худ иброз дошт, ки маъюбон дар Тоҷикистон аз ҳамон ҳуқуқҳое бархурдоранд, ки дигарон бархурдоранд. Бахусус таҳсил, таъмин бо ҷойи кор ва ғайра.

Вай аз ҷумла ёдовар шуд, ки аз аввалин рӯзе, ки бинои нави Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ шуд, як толори вижаи хониш барои ин гурӯҳ ҷудо шуд ва як шуъба дар хидмати онҳо қарор гирифт.

Ин шуъба на танҳо барои маърифатнок кардани шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд талош мекунад, балки бо роҳандозии чорабиниҳое назири маҳфили имрӯз ҳамеша хотири онҳоро шод мекунад.

Рӯзи-маъюбонҲамзамон роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюбонро ҳеҷ гоҳ аз назари ҷамъият канор намегузорад, чун маъюбон низ дар баробари дигарон ҳуқуқҳои худро доранд. Дар қонунгузорӣ низ ин нуқтаҳо дарҷ гардидаанд, ки ин гурӯҳ шахсон ба таҳсил, хидматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуқуқҳои шахси соҳиб мебошанд. Пешвои миллат низ дар ҳама баромадҳои хеш таъкид карда мегӯянд, ки ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса лозим, чун онҳо ба ин ниёз доранд. Онҳоро дар ҳама заминаҳо бояд дастгирӣ кард.

Рӯзи-маъюбонМуовини сардори шуъбаи Раёсати кадрҳо ва ҳайати шахсии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳимзода  низ дар суханронии худ ба таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат ба шахсони дорои имконияҳои маҳдуд ишора кард ва афзуд,  шумо ҳеҷ гоҳ аз назари давлату ҳукумат дур нестед, ҳеҷ гоҳ худро бекасу бенаво ҳис накунед, ҳамеша роҳбарияти тамоми сохторҳои давлатӣ дар бари шумо ҳастанд ва шуморо танҳо намегузоранд.

Қисмати баъдии барнома фарҳангиву фароғатӣ буд. Аъзоёни фаъоли шуъба Абдулазиз Ашуров, Умед Ашуров, Фарҳод Қодиров, Қудратулло Муҳаммадиев, инчунин сарояндагони шинохтаи кишвар Қобилҷон Зарипов, Билол Ғафурӣ, Файзигул Юсуфова, Равшан Анаев бо таронаҳои дилкаш баромад намуда, хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Сарпарастони чорабинӣ ба хонандагони фаъоли шуъба туҳфаҳо тақдим намуданд.

Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳунармандонеро, ки барои хуш кардани хотири ин афрод ба маҳфил ҳозир шуда буданд, бо “Сипоснома”-ро қадрдонӣ намуд.

Дар охир сарпарастони чорабинӣ барои ширкаткунандагон аз зумраи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баъшида ба “Рӯзи маъюбон” ғизо доданд.

Наргис НАЗАРЗОДА, бахши
матбуот ва 
робита бо ҷомеа