Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ҷумахон Файзализода Рўзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар он директори муассиса, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов, шоираи маъруф  Шаҳрияи Аҳтамзод ва омўзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зебо Азимова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, нахуст дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии мардуми кишвар ҳарф зад.

Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: “Парчами давлатии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 -уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи 16- уми тақдирсоз қабул карда шудааст. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзии миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат гувоҳӣ медод”.

ruzi_parchamЁрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмӣ, сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

ruzi_parcham

Омўзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зебо Азимова аз паҳлуҳои ҳуқуқии Парчами давлатӣ ёдовар шуда, афзуд, ки “Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад”.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур шоираи шинохта Шаҳрияи Аҳтамзод аз эҷодиёти хеш  шеърҳо  қироат намуд.

Абдуғаюр Саломов