Таҷлили Соли Нав дар маркази дилхушии бачагонаи “Аладдин”

Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумхурии Точикитон дар ҳамбастагӣ ва сарпарастии ширкати ҶДДМ ” ФУД -МАСТЕР” барои дилхушии 70 нафар хонандаи доимии шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони  имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ маҳфили фароғатӣ барпо намуд.

Ҷашни Соли навии мелодиро кӯдакону наврасони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Маркази дилхушӣ барои бачагон – “Аладдин”  истиқбол гирифтанд.

Тӯли баргузории маҳфил сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Саодат Набиева  кӯдакону наврасонро бо имову ишора  раҳнамоӣ менамуд.

Маркази дилхушии кӯдакон барномаи рангину идонаеро пешниҳоди меҳмононаш гардонид.  Дар он Бобои  барфӣ ва дигар каҳрамонони  афсонавӣ хотири кӯдаконро шод ва дар қалбҳои нозуку ҳассоси онҳо шодиву умедро дар дили афзуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи бачагон сайъ карда дар назди Бобои Барфӣ шеърҳои солинавӣ қироат намуданд. Умарҷони ҳафтсола, ки бемории  синдроми дауна дорад, барои Бобо ва иштирокдорон суруд сароид.

Сипас, ҳама якҷоя бо чеҳраҳои шукуфон сари мизи пур аз нозу неъмат ҷамъ омаданд.

Мо аминем, ин рӯз барои хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ҳамчун яке аз рӯзҳои фаромӯшнашаванда нақш хоҳад баст.

Шукрона Шерзода,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.