Талошҳои Бароти Абдураҳмон барои навиштани романи «Исмоили Сомонӣ» аз забони худи ӯ
Ёдам меояд, ки бори нахуст маро ба тамошои Бухорои шариф ва зиёрати қадамгоҳи Исмоили Сомонӣ, устоди зиндаёд Ҷалол Икромӣ ҳидоят намуданд. Камина, соли 1979 ба поси бузургдошти 70-солагии Икромӣ киноочерке таҳия намудам, ки ба устод писанд омада, сипосгузориашро бароям расонд. Дар омади гап ба устод хотиррасон намудам, ки маводи кофии тасвирӣ дастрас набуд, вагарна дар бораи зиндагӣ, овони таҳсил дар Бухорои инқилобӣ ва ҷодаҳои камолоти эҷодиаш филмномаи беҳтаре офаридан имкон дошт. Шояд ҳамин суханам сабаб гашту Ҷалол Икромӣ маро ба сафари Бухоро даъват намуданд!
Қатора нимарӯз ба пойгоҳи Бухоро – Истгоҳи серодами Когон расид. Фурсате нагузашта, мошини сабукрав моро ба хонаи устод Икромӣ овард, ки дар маркази шаҳри Бухоро, дар яке аз гузарҳои мобайни шаҳри наву кӯҳна воқеъ будааст. Пас аз тановули хӯрок ману Дилошӯб – набераи устод, ба саҳни ҳавлӣ баромадем ва ошноии якҳафтаинаи ман бо Бухорои шариф аз остони ҳавлии устод оғоз ёфт. Дилошӯби мавзунқомат маро то остони Масҷиди Калон ва Манораи Калон ҳидоят карду хастагиро баҳона карда бозгашт. Ман чун афсуншудагон аз назди мадрасаи Мири Араб, мадрасаи Кукалтош, мадрасаи Девонбегӣ ва Ҳавзи калон гузашта, бидуни роҳбалад андаруни шаҳри куҳанбунёди Бухоро пеш мерафтам. Ниҳоят, пас аз фаромадани торикии шом ба хонаи устод баргаштаму аз симои ӯ пай бурдам, ки хеле парешонҳолу асабинамост. Барои густохиам узр овардам, ки мақбараи Исмоили Сомониро меҷустам, то ба зиёрати қадамгоҳи Падарсолори ростини ниёгони тоҷикон бирасам.
Рӯзи дигар ҳамроҳи устод Икромӣ ва наберааш Дилошӯб сӯи мақбараи Исмоили Сомонӣ раҳсипор гаштем. Бинои хиштини оромгоҳ аз дур намоён гашту ашк беихтиёр гулӯгирам кард. Дар пойгоҳи марқади Падарсолор ба зону зада, девораи гаҷкориашро се бор бӯсидаму дарду ормонҳои олудаи ниёише аз замирам берун таровид. Дардҳои нуҳуфтаи Бухорои азизу ба дил наздик, меҳани шеъру каломи тоҷикӣ, гаҳвораи нобиғаҳои илму фарҳанги оламгир, маснади орзуву ормонҳои ҷигарсӯзи ҳазорон фарзандони овораву аз ватан дур дар дилам туғён зада, аз лабонам ояти раббоние садо медод. Ман дар пойгоҳи сағонаи гаҷпӯш мисли фарзанде дар фироқи падар ашк мерехтам. Деворҳои чор тарафи оромгоҳ баробарандоза буда, болояшро гунбази бузурге пӯшонида буд. Дар пешгоҳи сағонаи Исмоили Сомонӣ ба гунбази муҳташаму қатори равоқҳои мавзуни рӯшноигузарон менигаристаму офтоби нурафшон чашмамро мебурд, бори садсолаҳову дарду ғами асрҳо гӯё китфамро пахш мекард. Дар пойгоҳи сағонаи Исмоили Сомонӣ шаҳри ормонию мероси барбодрафта, фоҷиаҳои таъриху гаҳвораи ормонҳои бишкаста, хатои гузаштагону хиёнатҳои фарзандони гумроҳи модари тоҷик диламро такон медод.
Пас аз ҳафтае фурсати бозгаштан ба Душанбе фаро мерасид. Бори сеюм ба зиёрати оромгоҳи Исмоили Сомонӣ рафтаму аз пойгоҳи сағонааш як каф хоки гаҷолуд гирифтам. Мехостам ин кафи хокро ба Душанбе барам, ки пойтахти навини тоҷикон гашта, асолати собиқаи Бухороро адо мекард. Бо Бухорои шариф хайрбод мегуфтаму раставу дӯконҳои савдо ва тиму тоқҳояш пеши назарам меомад. Тӯдаи харидорону фурӯшандагон бо чандин забонҳои олам ҳарф мезаданд ва ягона забоне, ки садояш дар миёни аҳли Бухоро кам ба гӯш мерасид, забони модарии онҳо тоҷикӣ буд.
Солҳо мегузашт ва меҳри навиштани романе дар бораи Исмоили Сомонӣ дар замирам боло мегирифт. Аммо бар асари сиёсатбозиҳои сатҳи ҷаҳонӣ давлати паҳновари СССР барҳам хӯрду давраи истиқлолу соҳибихтиёрӣ бо нооромиҳояш фаро расид. Чанде аз сарватхоҳону корчаллонҳои зирак дар фурсати парешонию саргумиҳо ба хусусигардонии корхонаю иншоот ва биноҳои истиқоматӣ рӯ оварданд. Мероси таърихию фарҳангии миллат қариб бесоҳиб монд. Бар болои ин дар атрофи қавмҳои ориёитабор ва зодбуми онҳо баҳсу мунозираҳо боло мегирифт, тоҷикон истиқлоли давлатиро соҳиб шуданд, вале онҳоро ҳамчун миллат ва давлати соҳибистиқдол дар арсаи ҷаҳонӣ чандон хуб намешинохтанд. Ниёзе пеш омад, ки мо худро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибихтиёр, комилҳуқуқ ва вориси воқеии тамаддуни умумиориёӣ муаррифӣ намоем. Камина дар ин давраи ҳассоси таърихӣ тайи понздаҳ сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президент, нахуст ҳамчун мудири маркази таҳлил ва сипас тайи 13 сол ба сифати ёвари Президент кор карда, масъулияти душвору пурифтихореро бар дӯш доштам. Бо ҳидояти Президент мо ба домани тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ, ки аз сарзамини мо ва Эрони Шарқӣ бархеста буд, чанг зада, бояд исбот менамудем, ки сарзамини таърихии тоҷикон гаҳвораи воқеии тамаддуни ориёист.
Ормони навиштани романи «Куруши Кабир» муддате ҷои Исмоили Сомониро гирифт. Ман барои дарёфтани шахсияти Куруши Кабир ва зиёрати оромгоҳи ӯ чор бор ба шаҳрҳои Шерозу Истахр, Пасаргоду Тахти Ҷамшед ва ду бор ба Ҳамадону Исфаҳон ва чор бор ба Нишопуру Теҳрон сафар доштам. Баробари диду боздидҳои қаламрави хурду бузурги Ҳахоманишиён қариб ҳамаи сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ, катибаҳои аҳди қадим, навиштаҳои парокандаи воқеанигорон ва китобҳои муаррихони аҳди куҳану навро гирд оварда, ба навиштани романи «Куруши Кабир» сар кардам. Нигориши романи «Куруши Кабир» бароям як мактаби бузурги эҷодӣ дар таҳияи асарҳои таърихии бадеӣ гардид.
Ормонҳои наҷиби истиқлол ва давлатдории миллӣ дар арафаи ҷашни1100солагии давлати Сомониён аз ҷониби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Ин ҷашни бузурги таърихӣ имкон дод, ки оинҳои заифшудаи худшиносии миллӣ ва холигоҳи маънавӣ аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни ислом шодоб гардад.
Ман ҳамчун қаламкаш рисолати инсонӣ ва қарзи нависандагии хеш медонистам, ки дар бораи Исмоили Сомонӣ романе навишта, ормони деринаи дар замирам нуҳуфтаро рӯи варақ бирезам. Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ бароям ду абармарди бузург буданд, ки чун ду шоҳсутуни ҷовидона, яке давлатдории Сомониён поёни асри гузашта, даҳҳо рисолаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таърихшиносӣ, аз ҷумла «Давлати Сомониён»-и академик М. Неъматов, «Амир Исмоили Сомонӣ» ва «Амирони Сомонӣ»-и С. Абдуллоев, «Авомили сууд ва суқути давлати Сомониён»-и Ҳ. Назаров, «Исмоили Сомонӣ – марди хираду сиёсат»-и Ғ,. Ғоибов, ҳамчунин асарҳои таърихӣ-бадеии «Саргузашти Исмоили Сомонӣ»-и Ҳ. Султон, «Девори Хуросон»-и М. Солеҳ, «Оли Сомон»-и Т. Давлатшоҳ ва асарҳои дигар ба табъ расиданд.
Банда ба нигориши романи «Исмоили Сомонӣ» рӯ овардам ва кор бо ҷараёни пажӯҳишу омӯзиш хеле суст пеш мерафт. Ҳангоме ки беш сад варақи роман омода гашт, ман тайи чандин солҳо аз навиштан даст кашидам. Пай бурдам, ки дар варақҳои навиштаам чизи нав ва бозёфтҳои тозаи бадеӣ кам аст. Ночор, навиштани роман қафо афтод, зеро пораи офаридаи асар бароям писанд наомад. Мехостам ба навиштани роман аз гӯшаи дигари нигорандагӣ наздик шавам.
Солҳо мегузаштанд ва банда ноумед нагашта, шахсияти Исмоили Сомониро меомӯхтам, сарчашмаҳо ва маводди заруриро меғундоштам. Пас аз сафари нахустин бо устод Икромӣ, боз панҷ бори дигар кариб аз ҳамаи шаҳрҳои атрофи Бухорою Самарқанд дидан кардам. Гузашта аз ин, Карминаю Фароб, Кешу Нахшаб, Тирмизу Балх, Сарахсу Нисо, Марву Нишопур, ҳатто Қазвину Қалъаи Аламут, Мозандарону Ҷолусу Рустамруди Табаристонро паймудам, то марзу буми кишваркушоӣ ва лашкаркашиҳои Исмоили Сомониро бо чашми сар бубинам.
Аз миён камаш даҳ сол гузашт ва ниҳоят ба пиндоре расидам, ки дар нигориши роман ду хати тасвир ва воқеабандиро пеш мегирам. Хати нахуст ҳангомаҳои давлатдорию давлатсозии аҳди Исмоили Сомонӣ ва дигаре хати фарорасии истиқлоли навин ва давлатсозию давлатдории кунунии тоҷиконро дар пайванду ҳамоҳангӣ рӯи варақ мерезам. Сипос, ба даргоҳи Яздони пок, ки баъди бедорхобию заҳматҳои гарони чандинсола инак, романи таърихии «Исмоили Сомонӣ» пешкаши хонандаи нозукбину нуктасанҷ мегардад.
Бигузор, хонандаи бедордилу сахтгир заҳмати хоксоронаи бандаро бо чашми кам набинад. Зеро кӯшидам кору пайкор, рӯҳу равон ва хоки қадамҷои Исмоили Сомониро ба зодбуми нави тоҷикон ва давлатдории навини онҳо пайванд бизанам. Кӯшидам, барои ояндагон достони давлатсозию давлатдории аҳди куҳан ва навини Тоҷиконро бо муборизаҳои ҷоннисоронаю фидокоронаи ду фарзанди фарзонаи Миллату давлати тоҷикон – Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон тасвиру бозгӯӣ намоям. То фарзандону набераҳои мо ба қадри забони модарӣ, давлату давлатдории миллӣ, ба қадри миллати куҳанбунёду пойтахти навини тоҷикон – Душанбеи азиз ҳар ваҷаб хоки Ватани маҳбубамон бирасанд.
***** ****** *****
Ин сарсухан ба романи “Исмоили Сомонӣ”-и Бароти Абдураҳмон аст, ки муаллиф навиштааст. Адиби маъруф ва таърихнигори борикбину нуктасанҷ солҳо ранҷ бурдааст, то романе нависад ва чеҳраи Исмоили Сомонӣ аз дидгоҳи худ бо истифода аз даҳҳои китоби мутолаа кардааш биёфарад. Инак, натиҷаи заҳматҳои чандисолааш дар шакли китоб аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик нашр шудааст.
Хонандагон имкон доранд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова