Талоши зиндагӣ

Дар ин толори хониш ҳамарӯза даҳҳо нафар ворид мешаванд, ки аксари онҳо шахсони дорои имкониятҳои маҳдуданд. Ин толори хониш ҳамқадам ба ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дарҳои худро ба рӯи чунин шахсон боз кардааст ва шуъба хидматрасонӣ ба маъюбон ном дорад.

Дар ин толори хониш, ки ҳамеша пур аз хонанда аст, ҳар касе ворид мешавад метавонад барои худ машғулияте пайдо кунад. Нобиноён китобҳои Брайлӣ мехонанд, ношунавоён ҳар китобу маҷаллае дилашон мехоҳад, фармоиш медиҳанд ва мутолиа мекунанд.

Ба ин толор хонандагон бо аробаҳои маъюбӣ ворид мегарданд ва аз ҷониби кормандони шуъба гарм истиқбол мешаванд. Аксари онҳо хонандагони доимианд ва ба чеҳра ошно. Баробари вуруд худ медонанд, ки куҷо раванд, ба чӣ машғул шаванд.

  Чӣ хуб аст, ки дар ҷамъияти имрўзаи мо технология пеш рафтааст ва тариқи сомонаҳои интернетӣ ба ҳама ҳадафҳоямон мерасем. Аз ҷумла, барои маъюбон низ ин гуна имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Компутерҳои шуъба ба шабакаи ҷаҳонии Интернет васл аст ва хонандагон метавонад дилхоҳ маводашонро пайдо ва мутолиа намоянд.

  Дар як гўшае дар ин толор намоиши ҳунарҳои мардумӣ гузошта шудааст, ки маҳсули дасти хонандагони ҳамин шуъба, шахсони имконияташон маҳдуд аст.

Хонандагони Шуъба  бо се забон, тоҷикӣ, русӣ, англисӣ китобҳои брайлӣ, ки хос барои нобиноён навишта шудаанд, мехонанд.

Ин шуъба маҳфилҳои гуногун дорад. Аз ҷумла, маҳфилҳои “Равшандилон”, “Ганҷи сухан” ба таври ҳамешагӣ фаъоланд. Инҳо маҳфилҳои эҷодианд, ки шоири шинохта Хайрандеш эҷоди бадеии онҳоро таҳлил мекунад.

Кормандони шуъба дар ҳар иду айём бо дастгирии роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва шариконашон аз созмонҳои хайрияи ватанӣ, шахсони саховатпеша ҳар гуна нишастҳо баргузор мекунанд. Дар рӯзҳои хос барояшон дастурхони идоро меороянд ва хонандагони маълулро бо туҳфаҳои идона низ сарфароз мекунанд.

Ба сурати умум ҳаёту зиндагӣ дар ин шуъба ҳамеша дар ҷӯш аст. Ҳар касе аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд дар ин Шуъба худро дар иҳотаи меҳру муҳаббат ва самимяти кормандони он ва бахусус сарвари шуъба хонуми хеле меҳрубону дастгир Мавзуна Орумбекзода мебинанд ва ҳамеша аз он бо табъи хушу рӯҳи болида берун мешаванд.

Ойҷонбӣ Азизова