Тамошои ройгони филми 3D дар кинотеатри Кохи Наврӯз

филми 3DДирӯз дар кинотеатри Маҷмааи Кохи Наврӯз филми “Minecraft в кино” ба намоиш гузошта шуд. Шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  Маҷмааи Кохи Наврӯз ҳамкориро ба роҳ мондааст, аъзоёнашро ройгон ба тамошои ин филм бурд.

Бо супоришу дастгирии сарвари Маҷмааи Кохи Наврӯз Бахтиёр Рустамзода барои 70 нафар хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ филми 3 D “Minecraft в кино” бе пул пешкаш гардид, ки сардори шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ барои ин кӯмаку дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд ба роҳбари Кохи Наврӯз изҳори миннатдории самимӣ менамояд.

филми 3D

Филми зикршуда ба рӯҳияи хонандагони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ мувофиқ афтода, онҳоро бо ҳам сарҷамъ ва хушҳол гардонд. Ин филми амрикоӣ соли 2025 дар жанри тахаюлӣ, моҷароҷӯӣ-ҳаҷвӣ истеҳсол шуда, коргардони он Ҷаред Хес аст.

Ин аввалин ҳамкори шуъбаи зикршудаи Китобхонаи миллӣ бо Маҷмааи Кохи Наврӯз буда, умед аст, ки дар оянда низ ҳамкориҳои манфиатбахши барои пешрафти кори Китобхонаи миллӣ ва Маҷмааи Кохи Наврӯз мусоидат хоҳад намуд.

Саодат Набиева сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ, Раҳима Аъзам, бахши матбуот в аробита бо ҷомеа.