Тамрини “Мумтоз” дар мавзуи “Пешбурди маърифати рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии созмонҳои ҷамъиятӣ”

 

Мумтоз12-уми ноябри соли 2024 Ташкилоти ҷамъиятиии «Мумтоз» дар Китобхонаи миллӣ барои сарварони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аъзоёну кормандони ин муассиса тренинг дар мавзуи “Пешбурди маърифати рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии созмонҳои ҷамъиятӣ”баргзор намуд.

Ҳадафи созмони ҷамъиятии “Мумтоз” афзоиши тавсеаи ицтидори созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи маориф барои калонсолон кор мекунанд, оид ба истифодаи самараноки интернет ва бехатарии интернет буд. Дар доираи лоиҳа баргузор намудани дарсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳамкориҳои баъдӣ, мусоидат ба рушди нищодии ин ташкилотҳо, иҷрои вазифавии кормандони ташкилотҳо, ки дар соҳаи маориф барои калонсолон кор мекунанд ва мехоҳанд узви Асотсиатсияи маорифи калонсолони Тоҷикистон бигарданд, дар назар аст.

Дар тренинг дар баробари роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ хонандагон ва кормандони шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд. Дарси омӯзишӣ аз соати 10 то 15 идома карда мавзуъҳои сохти боэътимод, ҳифз ва идораи рамз (парол), рамзшиканӣ, ҳифзи телефонҳои мобилӣ, ҳифзи таҷҳизот, чӣ гуна телефон ва копютерро бояд аз қаллобон ҳифз кард, дар бар гирифт.

Дар ҷараёни омӯзиш зикр гардид, ки телефону компютер ва дигар воситаҳои алоқаи хабарӣ як ҷузъи зиндагии ҳаррузаи мо гашта, бидуни телефон ва компютер зиндагӣ кардан душвор шудааст. Ҳатто  мутахассисон муайян кардаанд, ки одам рӯзе 150 маротиба телефонашро мебинад. Вобаста ба ҳамин мавзуъ мо борҳо шоҳиди ҳодисаҳои рӯбарӯ шудан бо қаллобону фиребгарон, ки на танҳо маблағҳоро аз телефонҳо медузданд, балки ба ҷиноятҳои дигар низ оврада расондаанд, шудаем. Мисолҳои зиёд аз оқибатҳои талхи созмонҳову шахсони алоҳида оварда шуд. Аз ҷумла, компютери ширкате хароб мешавад ва онро барои таъмир ба назди усто мебаранд. Усто, ки бо гурӯҳҳои терористӣ ҳамкорӣ доштааст, дар диски С-и компютер наворҳои гурӯҳҳои иртиҷоии терористиву экстремистиро, ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, мегузорад. Пас аз чанде барои тафтиш ба он созмон меоянд ва аз ҳадафҳои ташкилот пурсон мешаванд. Компютерро дар ихтиёри ӯ мегузоранд ва бо дидани наворҳои терористӣ созмон баста ва ба ҷавобагарӣ кашида мешавад.

МумтозАз ин рӯ, ҳангоми хароб шудани компютер ё телефон дарҳол ба усто муроҷиат накунед, гуфта шуд дар тренинг.

Аз ин рӯ вазифадор ҳастем амнияти телефону компютерҳоямонро таъмин намоем. Дар ин маврид мутахассис тавсиа дод, ки компутер ва телефонҳо бояд рамзбандӣ шуда бошанд.

Мутахассисони соҳаи рақамӣ маслиҳат медиҳанд, ки барои амният ҳар рамз аз 16 рақам, аз ҳарфҳои хурду бузург иборат бошанд.  Созмони ҷамъиятии “Мумтоз” 21-уми сентябри соли 2001 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Олами кӯдакон” таъсис ёфтааст ва чун Ташкилоти ҷамъиятии “Мумтоз” 12-уми сентябри соли 2014 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Токистон сабти ном шудааст.

Саломат Яъқубова, шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.