“Тансарномак” ва чанд муаммои он
Танзими «Тансарномак» («Номаи Тансар»)-ро ба авохири асри VI мутааллиқ медонанд. Аммо дар ин асар одоту анъаноти адвори мухталифи сосонӣ инъикос гардидааст. Ҳоло чӣ касе будани Тансар (ё Тусар), ки дар замони сосонӣ ба корҳои дин шуғл дошт ва гўё таҳрири Авасторо ба анҷом расонида будааст, тавассути осори дигари паҳлавӣ масалан, «Динкард» рўшан шуда.
Он шахс, ки дар «Тансарномак» меояд ва ҳамчун херпат тафсиргари Авасто муаррифӣ мешавад, ҳамон Картир аст, ки дини заргуштияро ба дини давлатӣ табдил дода буд. Маҳз Картир дар чаҳор набиштаҳояш ҳамчун симои зинда мутаассиби бераҳм, сарвари гурўҳи волонишинону коҳинон инъикос ёфта ва ў буд, ки чоряк аср тақдири тамоми кишварро дар даст дошт.
Бояд дар назар дошт, ки «Тансарномак» асари памфлетӣ буда, баъди барҳам задани ҳаракати маздакия ба миён омадааст. Яке аз шиорҳои маздакия бошад, вайрон кардани ҳуқуқи хонаводагии заргуштӣ буд.
«Тансарномак» асари хуби жанри иншоию омўзишӣ ҳам будааст. Он хонандаро ба симои Тансар ва фаъолияти ў шинос мекунад. Дар асар вай ҳамчун шахсе офарида мешавад, ки тарки дунё намудааст. Тансар хирадманд аст ва таҷориби хешро барои дигарон менигорад: «…ман аз шириниҳои ҳаёти ин дунё даст кашидам, то мардум аз ҳалолкориҳоям огоҳ бошаду ба андарзҳои ман гўш фаро бидиҳад ва худро барои ҳаёти он дунё омода бикунаду аз бадиҳо дар канор бошад».
Ин нома барои шоҳзодаи Табаристон нигошта шудааст ва дар он Тансар кирдори зиёди шоҳонро тавзеҳ медиҳад.
Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.