Тантанаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар як маҳфили Китобхонаи миллӣ бо бачаҳо

Субҳи имрӯз (24-уми июли соли 2026) дар  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Навниҳолони боғи Истиқлол» баргузор гардид. дар он хонандагони фаъоли шуъба ва меҳмонони дигар ширкат карданд.

Маҳфилро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода  ифтитоҳ намуда, аз нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистон ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки Истиқлол барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати соҳибихтиёр, рушди фарҳангу адабиёт ва тарбияи насли худшиносу ватандӯстро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, нақши китобхонаҳоро дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ кард.

Баъдан ровиёни маҳфил — хонандагони фаъоли шуъба Марям Ҳалимова ва Муҳаммад Ҷарминзода оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва аҳамияти ҷашни 35-солагии Истиқлолият маълумоти мухтасар пешниҳод карданд.

Дар идомаи нишаст хонандагон бо қироати шеърҳои ватандӯстона дар васфи Тоҷикистон, Пешвои миллат, Истиқлол, Ватан ва сулҳу ваҳдат ҳунари суханварии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳозирин ашъори шоирони кишварро дар қироати Ғаффорзода Нозигул, Умарзода Суҳайлӣ, Шарипов Аҳмад ва Сатторзода Самина шунидаву кафкӯбиҳо карданд.

Қисмати фарҳангии маҳфил низ хеле ҷолибу хотирмон буд. Бо иҷрои рақси миллӣ аз ҷониби Маҳмадуллозода Мунзифа ва Камолзода Фарзиямоҳ барнома рангу таровати тоза гирифт. Ҳамчунин, Мухиддинов Муқтадӣ ва Назарзода Амина бо саломномаи идона ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлол шодбош гуфтаанд.

Ҳамчунин, дар доираи барнома миёни хонандагон саволу ҷавоб ва чистону тезгӯяк баргузор гардид, ки иштирокчиён бо шавқу рағбати зиёд дар он иштирок намуда, донишу ҷаҳонбинии худро нишон доданд.

Дар анҷоми маҳфил  таъкид гардид, ки чунин маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати миллӣ, рушди завқи китобхонӣ ва кашфи истеъдоди наврасон нақши муҳим доранд.

Шукрона Шерзода,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.