Тантанаи Рӯзи Модар дар Китобхонаи миллӣ
Бахшида ба Рӯзи Модар Китобхонаи миллӣ маҳфили идона баргузор намуд, ки дар он роҳбарият, занону бонувони ва ҳайати кормандон иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо сухани табрикотии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гардид. Директори Муассиса аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат ва бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа суханронӣ кард. Зикр гардид, ки дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа ва баланд бардоштани қадру манзалати зан-модар ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуну фарҳанги миллӣ басо бузург аст.
Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои мушаххас, қабул кардани барномаи давлатӣ оид ба ҷо ба ҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон ва дигар тадбирҳо пайваста амалӣ мегарданд, ки эҳтироми бузургии зани тоҷик ва дар ҳама самтҳо фаъол будани онҳост.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин аз иқдомоти пайваста ва созандаи Сарвари давлат дар роҳи ҷалби омма ба китобу китобхонӣ ибрози назар намуда, афзуд, ки самараи ҳамин талошҳо ва иқдомҳо буд, ки бо супориши Роҳбари давлат аз соли ҷорӣ сар карда, маблағи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд карда шуд.
Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки солҳои гузашта 12 миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил мекард, дар соли 2025-ум 23 миллиону 570 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Маблағи ҳавасмандгардонӣ барои соҳибони шоҳҷоизаи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки 50 ҳазор сомониро ташкил медод, ба 100 ҳазор сомонӣ, шоҳҷоизаи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз 50 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ ва шоҳҷоизаҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ҳар як нафар аз 70 ҳазор сомонӣ ба 140 ҳазор сомонӣ баробар карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳунармандон аз Филармония давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва ҳаваскорон аз Китобхонаи миллӣ бо пешниҳоду суруду саҳнаҳои тарбиявӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа