«Танзими ҳуқуқии баҳсҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Танзими ҳуқуқиМуаллифи монографияи мазкур Ящё Идрисзода буда, он ба яке масъалаи мубрами ҳуқуқи замин – танзими ҳуқуқии баҳсҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки аҳаммияти он дар шароити ҷумҳурӣ бо зиёдшавии аҳолӣ, гузариш ба иқтисоди бозорӣ, маҳдуд будани фонди замин, мураккаб гардидани муносибатҳои заминистифодабарӣ, афзоиши баҳсҳои судӣ ва маъмурӣ, инчунин номукаммал будани қонунгузории амалкунанда, мавҷуд набудани таҳқиқоти мукаммали илмӣ ва сатҳи нокифояи ташаккули фарҳанги ҳуқуқии заминистифодабарандагон асоснок мегардад.

Дар ин асари илмӣ асосҳои ҳуқуқии ҳалли баҳсҳои замин, мафҳум ва таснифи онҳо, тағйирёбии низоми ҳалли баҳсҳо аз тартиби маъмурӣ ба тартиби судӣ, инчунин таҷрибаи фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ таҳлил шудааст.

Китоб ба донишҷӯён, магистрантон, муҳаққиқон ва кормандони амалия, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун манбаи боэътимоди илмӣ – амалӣ тавсия шудааст.

Хонандагон китоби Идрисзода Яҳё Аюбхон «Танзими ҳуқуқии баҳсҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро метавонанд аз Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд