Таърих. Шаст сол пеш ҳунармандони тоҷик меҳмони Москав буданд

МоскавҲунарнамоии санъаткорони тоҷик дар Москва

Аз 15 то 18 январи соли 1965 дар Қасри Кремлии сездҳо ҳунарпешагони тоҷик дар ҳайати бештар аз чорсад нафар ба аҳли пойтахти Ватанамон таҳти унвони “Оҳангҳои кишвари офтоб ва куҳсор” чаҳор консерт намоиш доданд.

Қабл аз оғози барнома ҳунарпешагони тоҷикро аз номи сокинони  Москва ва артитсти халқии СССР Ю. Завадский табрик кард.

Аз номи аҳли ҳунари тоҷик артисти халқии Тоҷикистон Ғ. Валаматзода сухани ҷавобӣ гуфт.

Баъд барномаи консерт, ки аз порчаҳои алоҳидаи драммавӣ, суруду рақсҳои миллӣ ва аврупоӣ порчаҳои назм, суита ва контатаҳо иборат аст, шурӯъ шуд. Тамошобинон бо ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик, ки анъанаҳои санъати миллии ҳазорсолаи худро давом дода, онро ба обу ранг ва тобишҳои замони нав бойтар карданд, баҳои баланд доданд. Хусусан баромади ҳофизони халқӣ Ҳ. Одинаев, З. Исмоилов, Ш. Шоҳназриев, Зафар Нозимов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Лайло Шарифова, дойрадаст Аъло Аълоев раққосҳо Л. Зоҳидова, К. Набиев, С. Раҳмонов, артистони балет М. Собирова ва Б. Ҷӯрабоев, хеле писанд омад.

Консерт, ки бо кантатаи бастакор Ш. Сайфиддинов “Раҳмат ба ту, партияи ҷоноҷон” хотима ёфт, меҳмононро хеле мутаассир сохт.

Ҳунарнамоии артистони тоҷикро зиёда аз 25 ҳазор нафар одамон тамошо карданд.

Дар консерти аввал роҳбарони партия ва ҳукумати Советӣ ҳозир буданд.

Ҳунарпешагони тоҷик то бистуми январ бо Москва шиносо шуда, дар байни коргарон як қатор заводу фабрикаҳо низ консерт намоиш доданд.

БАЛЕТИ ТОҶИКӢ ДАР МОСКВА

Чанде муқаддам тамошобинони Москва шоҳиди хурсандии наве буданд. Дар саҳнаи Театри Калони СССР балети тоҷикии бастакор С. Баласанян “Лайлӣ ва Маҷнун” намоиш дода шуд.

Балети “Лайлӣ ва Маҷнун” аввалин асари калони санъати балети тоҷик мебошад, ки берун аз ҳудуди республика ба саҳна гузошта шудааст.

Устоди санъати балет Галезовский балетро ба саҳна гузоштааст. Роли Лайлиро артистка Н. И Бассмертнова, Қайсро артисти хизматнишондодаи РСФСР В. В. Василев ва роли Ибни Саломро  артисти хизматнишондодаи РСФСР В. А. Левачков иҷро мекунад.

Хабари “Садои Шарқ”, 1965, №2

Носирова Шавқинисо,
Шукрона Шерзода мутахасисони
шуъбаиматбуоти даврӣ