Таърихи адабиёти ҷаҳон. Маликашшуаро Баҳор
( 1886 –1951)
Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ин чанд мисра аз шеъри “Мурғи гирифтор”-и Баҳор иқтибос шуд. Шеъре, ки бисёриҳо онро медонанд ва бо оҳанги басо марғубе марҳум Аҳмад Зоҳир ҳам суруда. Суҳбати мо аз муаллифи ин шеър аст.
Мирзо Муҳаммад Тақии Баҳор яке аз шоирони барҷастаи муосири Эрон буда, бо ашъори рангину баландмазмуни худ, чӣ дар Эрон ва чи берун аз он шўҳрати зиёде пайдо кардааст. Ин адиби номӣ моҳи декабри соли 1886 дар шаҳри Машҳад таваллуд ёфтааст. Падари Баҳор Мирзо Муҳаммад Қозим мутахаллис ба Сабурӣ аз шоирони бонуфузи нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX буда, лақаби «Маликашшуароӣ» доштааст.
Баҳор нахуст дар назди падараш таълим гирифта, баъдан илми арўз, сарфу наҳви форсию арабӣ ва улуми дигарро аз донишмандони замон Адиби Нишопурӣ, Алихони Даргазӣ ва дигарон омўхтааст. Чӣ тавре ки муҳақиқон хотиррасон менамоянд, Баҳор дар зери таъсири падараш синни 9 –10 солагӣ ба шеъргўӣ шурўъ намуда, аллакай дар синни 15 –16 солагӣ дар шоирӣ ном баровардааст. Ашъори солҳои аввали эҷодиёти Баҳор аз ғазалу қасида иборат буда, дар тақлиду пайравии шуарои асрҳои X –XII суруда шудаанд. Дар соли 1904 Козими Сабурӣ вафот мекунад ва Баҳор барои гирифтани лақаби «Маликашшуароӣ» талош мекунад. Вале мухолифони ў истеъдоди баланди шоирӣ доштанашро инкор карда, талаб мекунанд, ки ин лақаб ба Баҳор дода нашавад. Аммо ў дар мусоҳибаҳои адабӣ истеъдоди баланди шоирӣ нишон дода, ба гирифтани лақаби «Маликашшуаро» ноил мегардад.
Дар солҳои инқилоби Машрутаи 1905 –1911 ва баъд аз он Баҳор аз моҳияти зиддихалқии дастгоҳи давлати шоҳаншоҳӣ пай бурда, аз дарбор робитаи худро меканад ва дар ашъораш минбаъд идеяҳои ватандўстӣ, озодихоҳӣ ва сулҳу осоиши башариро тараннум менамояд. Барои ибрози афкору андешаҳои мутараққӣ ва пешқадамаш Баҳор дар охири солҳои 20 –ум ва аввали солҳои 30 –юм чанд маротиба зиндонӣ шудааст. Вале ба тамоми фишору таъқиботи давлати шоҳаншоҳӣ нигоҳ накарда, Баҳор аз баёни сухани ҳақ ва ифодаи афкору андешаҳои пешқадам даст накашид ва то охири рўзҳои зиндагиаш ҳамчун шоири пешқадам барои саодату рифоҳи халқҳои ватанаш мубориза намуд. Маликашшуаро Баҳор дар моҳи апрели соли 1951 вафот намудааст.
Чи тавре ки дар боло ишора рафт, Баҳор аз синни хеле ҷавонӣ ба шеъргўи шурўъ намудааст. Дар давоми беш аз 50 –соли фаъолияти адабиаш ў дар жанрҳои маснавӣ, қасида, ғазал, қитъа таркиббанд, тарҷеъбанд, мусаммат, рубоӣ ашъори зиёде эҷод кардааст.
Қисмати зиёди мероси адабии Баҳорро қасидаҳо ва маснавиҳои ў ташкил медиҳанд. Агарчанде Баҳор дар жанри ғазал низ қувваозмоӣ намудааст, лекин дар муқоиса бо қасоид ва маснавиёташ теъдоди онҳо камтаранд. Муҳақиқони адабиёти муосири форсӣ Маликашшуаро Баҳорро машҳуртарин шоири қасидасарои адабиёти форсӣ баъд аз асри XY медонанд. Дар шароити нави таърихӣ ба ин жанри шеъри классикӣ мазмуну оҳангҳои нав ворид намудааст. Дар сурудани қасоид, маснавӣ, ғазал ва дигар жанрҳои адабӣ Баҳор ба шоирони асрҳои IX –XII пайравӣ намуда, барои эҳёи сабки хуросонӣ кўшиш кардааст.
Гуфтан лозим аст, ки Маликашшуаро Баҳор яке аз донандагони забардаст ва муҳақиқони моҳири адабиёти классики форсу тоҷик мебошад. Ў дар баробари кори эҷодӣ ба омўзиш, тадқиқ ва баррасии забони форсӣ, адабиёти классикии он, адабиёти муосири Эрон, хулоса ба таҳқиқи таърихи гузаштаю имрўзаи Эрон иқдом намуда, чандин рисолаву асарҳои муҳиму боарзиш, ба мисли «Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ» (дар се ҷилд). «Таърихи асҳоби сиёсии Эрон », «Таърихи татаввури шеъри форсӣ» ва ғайраро эҷод кардааст. Баҳор ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногуни забон ва адабиёти форсӣ мақолаҳои зиёде навиштааст, ки дар ду ҷилд бо номи «Баҳор ва адиби форсӣ» нашр шудаанд.
Маликашшуаро Баҳор аз дўстони самими Ватани мо буд. Ў соли 1945 ба Иттиҳоди Шўравӣ сафар намуда, дар ҷашни 25 – солагии ташкилёбии Озарбойҷон иштирок намудааст. Баҳор афкору андешаҳои дўстонаи худро нисбат ба Иттиҳоди Шуравӣ ва халқҳои он дар шеърҳои «Файзи шамол», «Ҳадяи Боку», «Ба Пушкин» содиқона ифода намудааст.
Ин шеъре, ки ба аксар шинос, аз ӯст:
Мурғи гирифтор
Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷаври бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
Эй бузургони ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мӯрон вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи кўдакон ва наврасон.