«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

«Таърихи Байҳақӣ» – и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ яке аз барҷастатарин муаррихони асрҳои X–XI, бо «Таърихи Масъудӣ» низ шуҳрат дорад ва аз муҳимтарину даққиқтарин китобҳои таърихӣ буда, дар радифи осори камназири насри порсӣ қарор гирифтааст. Аз ин китоб то замони мо ҷилдҳои панҷум (қисмати поёнӣ) шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва бахше аз ҷилди даҳум расидаанд. «Таърихи Байҳақӣ» ҳаводису вақоеи таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони ҳукумати Масъуди Ғазнавиро фаро мегирад. Қобили қайд аст, ки «Таърихи Масъудӣ» бо он ки дар боби салтанати Масъуд ҳикоят мекунад, дар ин баробар пиромуни таърихи гузаштаи мардуми Шарқи Исломӣ ва рӯзгори шахсиятҳои номвари даврони Аббосиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Қарахониён маълумоти эътимодбахш медиҳад.