“Таърихи Байҳақӣ”-ро дар Телеграмканали мо бихонед

БайхакиТаърих ба унвони як аз зуҳуроти тамаддуни башар, аҳаммияти бузург дошта, шинохт ва дарёфти фарҳангу зиндагиномаи ҳеч миллате бидуни баррасии он муяссар нест. Муаррихи тоҷик Ибни Фундуқ бар ин бовар буд, ки инсон табиатан дўстдори таърих аст ва «агар ин муҳаббат дар ғароизи одамиён мураккаб набудӣ, аз гузаштагон ҳеч шариату фазоил ва ахбору ҳикоёт ба мутааххирин нарасидӣ ва тариқи осоишу сабукборӣ дар иқтидо ба гузаштагон масдуд гаштӣ». Шояд зеботарин таъбир, ки таърихро бад-он тавсиф намудаанд, ин бошад: «Касоне, ки таърих намедонанд, маҷбур ба такрори он мебошанд».
«Таърихи Байҳақӣ» – и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ яке аз барҷастатарин муаррихони асрҳои X–XI, бо «Таърихи Масъудӣ» низ шуҳрат дорад ва аз муҳимтарину даққиқтарин китобҳои таърихӣ буда, дар радифи осори камназири насри порсӣ қарор гирифтааст. Аз ин китоб то замони мо ҷилдҳои панҷум (қисмати поёнӣ) шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва бахше аз ҷилди даҳум расидаанд. «Таърихи Байҳақӣ» ҳаводису вақоеи таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии замони ҳукумати Масъуди Ғазнавиро фаро мегирад. Қобили қайд аст, ки «Таърихи Масъудӣ» бо он ки дар боби салтанати Масъуд ҳикоят мекунад, дар ин баробар пиромуни таърихи гузаштаи мардуми Шарқи Исломӣ ва рӯзгори шахсиятҳои номвари даврони Аббосиён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Қарахониён маълумоти эътимодбахш медиҳад. Китоби мазкур дар силсилакитоби «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расид.
Байҳақӣ ба мардуми хеш паёми хираду озодиро расонида, эшонро ба худшиносӣ ва қабл аз ҳама ба омўхтани таърихи гузашта даъват мекунад, зеро бовар дошт, ки «аз таърих бедорӣ афзояд» ва ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Байҳақӣ аз нахустин касонест, ки дар таърихи хеш истилоҳи «тозик» ё «тоҷик»- ро зикр карда, пас аз худ онро роиҷ месозад. Агар перомуни далоили истифодаи истилоҳи «тозик» ё «тоҷик» дар асари Байҳақӣ мулоҳиза ронем, зарур аст чанд нуктаро тазаккур диҳем. Чиро муаррихони қабл аз Байҳақӣ (Табарӣ, Балъамӣ, Наршахӣ ва ғ.)
мардуми эронинажоди Хуросонро тозик ё тоҷик наномиданд? Сабаб чист, ки маҳз муаррихону шоирони рўзгори ғазнавӣ (Унсурӣ, Искофӣ) ин истилоҳро ба мардуми бумии Хуросон нисбат додаанд? Магар то ин замон (аз ҷумла рўзгори Сомониён) тоҷикон мавҷуд набуданд? Бо ин манзур устод Байҳақӣ дар қиболи «турк» вожаи «тозик»-ро ҳамрадифи «эронӣ» китобат кардааст: «тозик», «тозикон», «мо тозикон» бо таъкиду такрор ҳар гоҳе менависад ў. Пай бурдан душвор нест, ки маниши туркгароии туркон Байҳақиро водору ночор ба таъкиду таъйиди ҳувийяти миллии хеш карда, ки пас аз ў меомадагонро бо худу бегона шиносонад, ки тозикон (яъне тоҷикон ё эрониён) киҳо ва аз куҷо будаанду чӣ кардаанду чӣ гуфтаанду чӣ навиштаанд. Таъйиди «тозик» (яъне «тоҷик») дар «Таърихи Байҳақӣ» ҳойизи чанд нуктаи муҳимми илмию таърихист.
Нахуст: ин фарзия бояд ҳақиқат дошта бошад, ки дар замони истилою истибдоди араб эрониёнро ҳамчун «тозик» мешинохтаанд ва шояд ин араб будааст, ки дар он давра «тоҷик»-ро «тозик» ба забон овардааст ё китобат кардааст.
Дуюм: ҳамин тозикон будаанд, ки дар Хуросон аз бедоди бегонагони араб ба хурўш омада, бо сина сипаркарданҳову сарбадордоданҳо санги бинои ҳукумати Эрони бостонро дар Бухоро (оли Сомон) дубора устувору побарҷо кардаанд. Зеро вожаи «тозик» табиист, ки пас аз ба Ғазна кўчидани маркази Хуросон дафъатан падид наомадааст, албатта қаблан вирди забонҳо будаву аммо маҳз туфайли ҳакими бедори Байҳақ дар моварои таззоди шадид бо туркон рўйи коғаз омадааст.
Сеюм: аз таъкиди Байҳақӣ рўйи вожаи «тозик» бермеояд, ки ҳукуматҳои Тоҳирию Саффорию Сомонӣ ҳама тоҷикӣ (эронии асил) ва дастбакорони ин ҳукуматҳо (истисноан аз баъзе аз саркардаҳои турки барда) ҷумла тоҷик будаанд. Соҳибқиронони илму адаби ин давронро, ки бар чашми башар аз коиноти маърифати хеш ҳазорон хуршед намудаанд, низ ҳамчун «тозик» медонистаанд. Баъдан дигар бузургон мо – Ҳаким Саноию Шайх Аттор, Мавлонои Балху Саъдии Шерозӣ ин вожа («тозик»)-ро ба гунаи «тоҷик» фаровон ба кор бурда, зимнан худро «тоҷик» хондаанд (Шояд, ки ба подшаҳ бигўянд. Турки ту бирехт хуни тоҷик! Саъдӣ).
Бад-ин тартиб, номовари ғаюри Байҳақ, устод Байҳақии бузургвор нишон медиҳад, ки дар авҷи шадиди фаҷоеъи истилои турку араб тоҷикон (тозикон) дар эҳёи дубораи Эрони бостон дар поёию ҷовидонагии ин марзи пургуҳар нақши сазовори калидие доштаанд.
Байҳақӣ нахустин муаррихи тоҷик аст, ки ин ихтилофро аз забони акобири дарбори Ғазна баён дошта, менависад, ки турконро «биёбон падару модар аст, чунонки моро шаҳрҳо».
Тибқи ривояти Байҳақӣ, лашкари Ғазнавиён мураккаб аз туркон (ғолибан сарвар) ва тоҷикон буд; Ғазнавиён аз дигар қавмҳо низ дастаҳо доштанд, аммо на бо шумори афзун. Байҳақӣ агар аз лашкариёни тоҷик сухан ронад, танҳо ҳадиси садоқату фидокории ононро мегўяд ва таъкид мекунад, ки тоҷикон ҳамвора дар нақши дифоъӣ зоҳир шудаанд, зеро ҷангу юриш вайронгару нобудсоз аст, табиати тоҷикӣ ободгарист.
Шакли электронии китоб ин ҷост: “ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ
Таҳияи Райҳона РАҲМАТОВА,
мутахассиси пешбари
Маркази“Тоҷикшиносӣ”