«Таърихи Эрони Бостон» – и М. М. Дяконов. Китобе, ки Маркази “Тоҷикшиносӣ” чоп мекунад

Таърихи-Эрони-бостонТаҳияи ин китоби пурарзиш ва баргардони он аз форсӣ ба крилӣ оғоз шудааст ва қарор аст Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат чоп кунад. Китоб аз силсилаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун”, ки  бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ба нашр хоҳад расид.

Михаил Михайлович Дяконов (1907-1954)яке аз шарқшиносон ва эроншиносони барҷастаи рус мебошад. Вай соли 1946 рисолаи докториашро дар риштаи таърих дифоъ намуда, сипас дар вазифаҳои зерин   соли 1931 Ходими илмии Осорхонаи давлатии Эрмитаж, соли 1951 Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1950-1953 Аъзои Иттифоқи нависандагони ИҶШС, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Ленинград ва ҳамзамон сардори экспедитсияи археологии Тоҷикистон кор карда ва бо ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гардидааст.

Вай муаллифи зиёда аз 100 асар мебошад. Аз ҷумлаи осори назарраси ӯ «Очерки таърихи Эрони Бостон» («Очерк истории Деревнего Ирана») аст, ки Рӯҳӣ Арбоб тарҷумаи форсии онро соли 1967 бо номи «Таърихи Эрони Бостон» анҷом додааст.

Дар натиҷаи дархостҳои зиёди хаттӣ ва шифоҳие, ки роҷеъ ба нашри ин асар восита шуд, ибтидо аз лиҳози ошноӣ ба таърихи Эрони Бостон ва гирдоварии иттилооту маълумоти марбут ба он тасмим грифта шуд, ки асари мазкур пас аз марги мауллиф табъу нашр шавад. Ба ҳамин ҷиҳат дар тасҳеҳи матн муҳаққиқони фанни мазкур О.М. Беленски (Belinsky), П.О. Грязнович (Gryaznevich), В. Луконин (Loukonin), В.М. Массон (Masson) ва дигарон ширкат доштанд.

М.М. Дяконов ба кори нигориши «Тарихи Эрони Бостон» идома дода, нусхаҳои хаттии китоби ӯ мавриди истифодаи васеи донишҷуён ва донишпажӯҳони ҷавон қарор гирифт.

Китоби «Таърихи Эрони Бостон»соли 1944-1945 ба риштаи таҳрир даромада, аммо дар замони ҳаёти нависанда чоп нагардид.

Умед аст, ки истифода аз ин гуна осори муҳим ва пурарзиши таърихӣ дар таҳқиқоти эроншиносонё (тоҷикшиносӣ) муҷиби тавсеаи ошноӣ бо таърих, фарҳанг, ҳунар, адабиёти Эрон ва саргузашти бузургони он гардад.

Китоби мазкур аз ҷониби кормандони Маркази “Тоҷикшиносӣ” ба хатти кириллӣ баргардонида шуда, дар кутоҳтарин муддат рӯи чоп хоҳад омад.

Муҳаммадвалӣ ЗИЁЕВ,
сармутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ».