“Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”

Муаллифони китоби мазкур Сайнаков С.П., Комилбек А.Ё., Воҳидов Н.Ҳ. таърихи муносибатҳои байналхалқиро аз давраи қадим то ташаккулёбии системаи Версал-Вашингтон мавриди барарсӣ қарор додаанд. Дар он давраҳои асосии таърихи рушди муносиботи қавму қабилавӣ, минтақавӣ, байниминтақавӣ, байнидавлатӣ ва байнахалқӣ, фаъолияти сиёсию дипломатии шахсиятҳои намоён ва мазмуни назарияҳои, консепсияҳои асосии муносиботи байнахалқии то оғози давраи навтарини таърих инъикос ёфтааст. Китоб барои омӯзгорону донишҷӯён, докторантону аспирантони шуъбаҳо ва факултетҳои муносибатҳои байнахалқии мактабҳои олӣ, мутахассисони соҳаи равобити байнахалқӣ ва доираи васеи шавқмандони таърихи муносибатҳои байнахалқӣ пешбинӣ шудааст.
Муаллифон дар пешгуфтор навиштаанд, ки аҳаммияти муносибатҳои байналхалқӣ (байналмилалӣ) дар ҳаёти инсоният мунтазам баланд мегрдад. Алоқаҳои байналхалқӣ бошад сол то сол васеъ гардида, ба доира фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ гурӯҳҳои нави аҳолӣ ҳар чи бештар ворид шуда истодаанд. Ба таври доимӣ васеъ шудани алоқаҳои сиёсати берунии давлатҳо водор менамояд, ки барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти сиёсати берунӣ мутахассисони баландихтисосро омода намоем.
Таёр намудани мутахассисони соҳаи байналхалқӣ дар ҷумҳурии мо дар давраи Истиқлол ба роҳ монда шуда, имрӯз дар чанд донишгоҳ ва донишкадаҳо факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байналхалқӣ амал менамоянд, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ машғул мебошанд. Ин падида боиси он гардид, ки барои факултетҳо ва шуъбаҳои муносибатҳои байнахалқӣ бо забони давлатӣ маводи таълимӣ таҳия карда шавад.
Хоҳишмадон китоби “Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Арбия РАҲМАТОВА,
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ