Таърихи пайдоиш коғаз ва рушди саноати он

Таърихи пайдоиш коғазДар забонҳои аврупоӣ калимаи “paper” бо решаи калимаи папирус алоқаманд аст, рустание, ки дар гузашта барои сохтани маводи монанд ба коғаз, ки аз ҷониби мисриён, юнониён ва румиёни қадим истифода мешуд. Масалан, “коғаз” дар забони англисӣ “paper”, дар забони олмонӣ “das papier” ва дар забони фаронсавӣ “le papier” мебошад.

Пайдоиши коғаз дар соли 105-и мелодӣ аз ҷониби Тсай Лун, мушовири императори Чин, сарчашма мегирад. То он вақт дар Чин низ аз бамбук, абрешим ва ғайра асосан ҳамчун маводи ивазкунандаи коғаз истифода мешуданд.

Тсай Лун пас аз кўшишҳои зиёд, аввалин шуда принсипи асосии технологияи истеҳсоли коғазро кашф кард. Истеҳсоли коғаз аз намудҳои гуногуни ашёи хоми нахдор имконпазир гардид. Ин навовариҳо роҳро барои истеҳсоли коғаз ҳамвор карданд ва онро нисбат ба маводҳои навиштании пешина дастрастар гардонданд.

Баъдтар раванди коғазсозӣ такмил дода шуд, ширеш, крахмал ва рангҳои табиӣ барои баланд бардоштани қувват илова карда шуданд.

То асри III мелодӣ, коғазе, ки аз нахҳои рустанӣ сохта шудааст, дигар дар Чин маводи нодир набуд ва қариб пурра лавҳаҳои чӯбии қаблан барои навиштан истифодашударо иваз карда буд. Коғаз бо андоза ва ранги зарурӣ истеҳсол мешуд ва инчунин бо моддаҳои махсус барои зиёд кардани мӯҳлати нигоҳдорӣ омехта карда мешуд.

Навдаҳои бамбук ё қамиш ба селлюлозаи коғаз илова карда шуданд. То асри IV аллакай якчанд навъҳои коғаз вуҷуд доштанд. Технологияи истеҳсоли коғаз рафта-рафта мураккабтар мешуд. Аввалан, ашёи хом шуста ва муддати тулонӣ тар карда мешуд. Сипас онро бо илова кардани оҳак ва хокистар ҷӯшонида, пас аз ин, ашёи хом бо зарбаҳои чӯбӣ дар маҳлулҳо майда карда мешуд. Селлюлозаи коғазии мулоим бо об ҳал ва омехта карда мешуд ва ба тӯри нахҳои сим ё бамбук рехта мешуд. Барои ба даст овардани коғази ҳамвор, селлюлоза дар болои тӯр баробар тақсим карда мешуд. Варақаҳои тайёр пеш аз хушк шудан дар байни пораҳои матоъ фишурда мешуданд.

бумагаДар тӯли асрҳо танҳо чиниҳо асрори коғазсозӣ доштанд ва аз ин рӯ, ин технологияро махфӣ нигоҳ медоштанд. Коғаз бо пули зиёд фурӯхта мешуд ва бо матоъҳо ва металлҳои гаронбаҳо иваз карда мешуд. Дар асри XI аввалин пули коғазӣ, «фейтиан», ки бо лақаби тангаҳои парвозкунанда” маъруф аст, дар Чин пайдо шуд. Онҳо инчунин коғазро аз латтаҳои кӯҳнаи махсус коркардшуда сохтанро омӯхтанд. Дар охири асрҳои X ва XI чиниҳо аз коғазҳои ғафс омодашуда  кортҳои бозӣ сохтанро сар карданд. Бо гузашти вақт, коғази чинӣ ба дигар кишварҳо паҳн шуд.

Дар соли 610 роҳиби буддоӣ Дан-хо ба Ҷопон омад ва сирри истеҳсоли коғаз ва рангро дар он ҷо ифшо намуд. Ҳунармандони ҷопонӣ баъди омўхтан, дар ниҳоят муваффақ шуданд, ки коғази босифаттар эҷод кунанд. Коғази ҷопонӣ «Wasi» номида мешуд: «Wa» як тафсири дигари аломати «Ямато» аст, ки маънои Ҷопон ва «si» маънои коғазро дорад. Коғази чинӣ дар Ҷопон бо номи «Kara-gami» машҳур шуд. Дар асри 7 сирри коғазсозӣ дар Корея низ маълуму машҳур шуд.

Дар соли 751 мелодӣ дар муҳорибаи Талас, ки миёни Хилофати Аббосиён ва империяи Чин сар зад, чиниҳоро мағлуб якчанд коғазсозони чиниро асир гирифтанд, ки аз онҳо технологияи коғазсозиро омўхтанд. Ин боис шуд, ки Самарқанд ба маркази бузурги коғазсозӣ табдил ёбад ва то ҳоло навъи «коғази самарқандӣ» дар ҷаҳон маълуму машҳур мебошад. Тақрибан солҳои 800-уми мелодӣ халифаи аббосӣ –  Ҳорунаррашид бо ёрии коғазсозони чинӣ коғазсозиро дар Бағдод таъсис дод. Баъдтар, коргоҳҳои коғазсозӣ дар Димишқ ва Қоҳира низ пайдо шуданд. То асри XI ҷаҳони араб ва Ҳиндустон коғазро дар соҳаҳои гуногун фаъолона истифода мебурданд ва тадриҷан папирус ва пергаментро иваз мекарданд. Аз сабаби норасоии дигар маҳсулоти зарурӣ дар истеҳсоли коғаз арабҳо аз пахта истифода мебурданд

Дар асрҳои IXXI коғаз аз Осиёи Миёна ва кишварҳои арабӣ тавассути Испания, Византия ва Италия ба Аврупо харидорӣ шуда, ворид шуд. Дар асри X аввалин корхонаҳои коғаз дар Испания пайдо шуданд, ки дар тӯли як аср коғази нисбатан баландсифат истеҳсол мекарданд. Дар асри XII коғазсозони бумӣ дар Италия ва Фаронса пайдо шуданд.

Аз асрҳои XIII-XV истеҳсоли коғаз дар дигар кишварҳои Аврупо, ба монанди Маҷористон, Олмон, Англия, Лаҳистон ва дигар кишварҳо аз худ карда шуд. Дар Аврупо, чӯб, пӯст, коҳ, латтаҳои майда ва дигар маводҳо ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли коғаз истифода мешуданд.

Таҳияи Рамзӣ Ҷумъақулов,
сардори шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.