Таърихи тамаддуни  Ориён

Таърихи тамаддуни  ОриёнКитоби Иброҳим Умарзода “Таърихи тамаддуни ориён”, ки соли 2006 чоп шудааст, бо иқтибоси ҷолибе аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиёни кишвар оғоз мешавад. Дар ин суханронӣ Пешвои миллат аз ҷумла мефармоянд:

Таърих, анъана, урфу одат, адабиёт ва маданияти халқи тоҷик дар тўли асрҳо диққати аҳли илми олам ва муҳакққиқони аврупоиро ба худ чалб намудааст. Дар ин хусус, дар ин мамлакатҳо ҳазорон асарҳои илмӣ ба табъ расидаанд. Наслҳои гуногуни олимони Англия, Германия, Франсия, Россия, Италия, Чехия, Америка ва мамлакатҳои дигар ба маданияти мо бо муҳаббат ва эҳтироми хоса муносибат мекунанд.

Мо дар асоси тадқиқотҳои илмӣ бо мақсади омўхтани таърих ва маданияти Ориён ва ҳиссаи онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, бояд муносибатҳои муфид ва самараноки дутарафаро бо мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ монем.

Инчунин ин муносибатҳоро бо марказҳои илмии гўшаву канори дунё бояд барқарор кард, зеро тамаддуни ориёӣ барои мо, тоҷикон, ки яке аз қадимтарин ворисони он ба шумор меравем, меҳвари асосии тақдир ва таърих, пайдоиш ва ташакул, худогоҳӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад.

Мо ҳуқуқ надорем ба алфози тамаъкоронаи худӣ ва бегонагон гўш дода, ба тақдири чандҳазорсолаи халқи худ беэътиноӣ зоҳир кунем ё рад намоем, ки аз сарчашмаи тамаддун ориёӣ оғоз меёбад, мо хеҷ гоҳ афзалияти миллӣ ва ирқпарастиро дастгирӣ накардаем ва нахоҳем кард. Омўзиши ин тамаддун бояд ҷавонони моро ба ташаккули эҳсоси таҳаммул ва нафрат ба ҷанг ва нажодпарастӣ ҳидоят бикунад.

Тоҷикон, қатъи назар ба беадолатии аз ҳад зиёди таърихӣ вазифаи инсондустӣ ва маданияти худро нигоҳ доштанд ва ҳеҷ гоҳ ба ягон хел назарияи ирқпарастӣ ва ё одамбадбинӣ, фанатизми миллӣ ва ё тааддӣ дода нашудаанд. Ман чунин мепиндорам, ки ҳар як миллат ҳукуқи комили донистани решаҳои қадимаи хеш, донистани ҳақиқати таърихӣ ва истифодаи таҷрибаи бои гузаштагонро баҳри бунёди ҷамъияти, мутаммадин дорад.

Миллати тоҷик, ҳамчун яке аз миллатҳои кўҳантарини минтақа ва дунё, ба қайд кардани тамддуни ориёни гузаштагони худ бо дили соф ва мақсади наҷиб ҳак дорад.

Э.Раҳмонов.

Ин китоб аз ду қисм иборат буда, воқеаҳои таърихиро аз охири ҳазорсолаи шашум то охири асри ҳафтуми мелодӣ, яъне то пайдо шудани дини Ислом, дар бар мегирад. Хонанда на факат бо таърихи пайдоиши Ориён, тарзи ибтидоии ҷомеаи онҳо, асосгузоронашон ва ҳаракати нахустини онҳо шинос мешавад, балки бо таърихи баромади халқҳои Осиёву Аврупо бо забони нахустини Ориён ва аз ин забон дар охири ҳазораи панҷум ба вуҷуд омадани забони Форсии Қадим, сипас, Форсии Миёна ва билохира, дар заминаи онҳо эҳё гардидани забони Форсии Нав (тоҷикӣ) маълумоти муфасл мегирад.

Хонанда, барои нахуст бо назарияи монотеизми солими Ориёни ибтидоӣ ва пас аз ду ҳазор соли шукўҳи Ориён пайдо шудани дини зардушт ва сабаби рахнаҳо дар иттиҳоди Ориён гардидани он, шинос мегардад.

Дар ин китоб бори аввал, дар таърихи шарқ ҳақиқати таърихӣ дар бори империяҳои бузурги Ориён дарҷ гардидааст. Баъзеи ин империяҳо зиёда аз ним ҳазор сол ҳукмронӣ ва корномаҳои азим карда бошанд ҳам, дар бораи онҳо, дар ватанашон дам фурўъ бастаанд.

Муаллиф сарсухани худро бо ин суханони Г.В.Ф.Гегел оғоз мекунад: “Форсҳо (тоҷикҳо-И.У) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд оварданд. Табаддулот карданд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар (сарзамини) Форс бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт.

Дар Давлати Форс мо ягонагии соф олиро мебинем, ки ба озодии шахс роҳ мекушояд: нур падидор мегардад, мо ваҳдатро мебинем, ки ба фард ҳукмронӣ мекунад, фақат аз баҳри он ки ҷасоратро бедор кунад, хусусиятҳои махсуси хешро зоҳир намояд. Нур ҳаётбахш аст: вай ба инкишоф мусоидат мекунад. Вай зидди торикӣ аст. Ба шарофати ин – усули фаъолият-ҳаёт зоҳир мегардад. Шарти инкишоф дар таърихӣ Форс тантана мекунад аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад”.

Г.В.Ф.Гегел.

Китоби Иброҳим Умарзода “Таърихи тамаддуни Ориён”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.

Таҳияи Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тар
ғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ