Таърихномае, ки соли 1770 дар Санк-Петербург чоп шудааст
Дар бойгонии шуъбаи депозиторӣ китобҳое мавҷуданд, ки ду ё се аср пештар чоп шудаанд. Аксари ин китобҳо таърихианд ва аз пажӯҳишҳои навини ҳамон замонҳо ҳикоят мекунанд. Албатта, илм дар ин ду асру се аср пеш рафт, назарҳо дигар шуданд, кашфиётҳо афзуданд. Вале ҳамоно ин гуна асарҳо, ки дар бораи таърих навишта шудаанд ва ё аз ҷуғрофия баҳс мекунанд ё худ аз илми дигар боз ҳам аҳамияти худро гум намекунанд.
Дар аксар мавридҳо танҳо дидгоҳҳо дигар мешаванд, қиёсҳо тағйир меёбанд, вале баёни раванди таърих ҳамон гуна мемонад. Баъдҳо муаррихон бо истифода аз манобеъи дигар он ҳодисаҳо ва рӯйдодҳоро бо фактҳои тоза пурра мекунанд.
Китобе, ки бо номи “Маълумоти муаррихони Византия дар бораи таърихи Русияи даврони қадим ва муҳоҷирати халқҳо” соли 1770 шаҳри Санк-Петербург чоп шудааст, аз ҳамин гуна китобҳост. Тавре аз номаш пайдост, он дарбаргирандаи мулоҳизоти таърихнигорони Византия дар бораи таърихи сарзамини рус аст.
Дар сарсухани китоб омадааст, ки “Таърихи Византия”, ки ҳоло барои таҳияи китоби мазкур аз он истифода шуд, ба забони юнонӣ аз замони Константини Бузург то давраеро, ки Туркияи усмонӣ ишғол намуд, дар бар мегирад. Ва он аз соли 1675 то соли 1702 дар чопхонаи шоҳии Порис дар ҳаҷми 32 ҷилд чоп шудааст.
Соли 1729 онро бо иловаву тағйирот дубора пурра чоп карданд.
Муаллифони ин маҷмӯа талош кардаанд дар бораи қариб ҳамаи касоне, ки “Таърихи Византия”-ро навиштаанд, маълумоти мухтасар ироа кунанд.
Қиммати илмии ин китоб боз дар он аст, ки хонанда метавонад бо номи таърихнигороне ошно шавад ва дар бораи онҳо маълумот дарёфт кунад, ки қаблан шояд номашонро ҳам нашунида буд.
Империяи Византия, ки бо номи Империяи Руми Шарқӣ ҳам шинохта мешавад, идомаи империяи Рум дар самти шарқ ё ҳамон вилоятҳои шарқии он дар охирҳои даврони Бостон ва асрҳои миёна буд. Замоне, ки Қустантания (Константинопол – Истамбули имрӯза) пойтахти ин императорӣ ба ҳисоб меомад. Ҳарду истилоҳ: Империяи Византия ва Империяи Руми Шарқӣ истилоҳоти таърихӣ ҳастанд. Шаҳрвандони ин импературӣ онро Империяи Рум меномиданд ва худро румӣ мегуфтанд.
Соли 395 милодӣ Империяи Рум ба ду бахш: шарқи ва ғарбӣ тақсим шуд ва бахши ғарбӣ дар соли 476 фурӯ пошид. Империяи Византия аз ин хатари нобудӣ эмин монд ва дар замони Жюстини Якум бахше аз сарзаминҳои Руми Ғарбиро ҳам ба худ ҳамроҳ кард ва ба муддати ҳазор сол ба ҳаёти худ идома дод. Соли 1453 милодӣ тавассути Империяи усмонӣ суқут кард.
Муаллифони китоби “Маълумоти муаррихони Византия дар бораи таърихи Русияи даврони қадим ва муҳоҷирати халқҳо” мегӯянд “Таърихи Византия” маълумотҳои хеле ҷолибе дар бораи гузаштаи қаламрави Русия дорад, ки омӯзиши он аз аҳаммият холӣ нест.
Ин китоб ба муаррихони тоҷик ҳам шояд тавонад дар омӯзиши гузаштаи як кишваре, ки муддати беш аз сад соли охир ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон ҳам ба он алоқамандиҳои зиёд дорад, муфид бошад.
Китоби “Маълумоти муаррихони Византия дар бораи таърихи Русияи даврони қадим ва муҳоҷирати халқҳо” нашри соли 1770 (Санк-Петербург)-ро шумо метавонед дар шуъбаи депозитории Китобхонаи миллӣ, воқеъ дар ошёнаи чоруми бино пайдо ва мутолиа намоед.
Идигул Нусратуллозода,
мудири шуъбаи дипозитории Китобхонаи миллӣ.