Ташаббус барои рушди донорӣ

Донорӣ-2Дирӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ вохӯрии намояндаи Муассисаи давлатииМаркази ҷумҳуриявии илмии хунбо кормандони Китобхонаи миллӣ доир гардид.

Дар вохӯрии намояндаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва кормандони Китобхонаи миллӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода суханронӣ намуд.

Намояиндаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” оиди қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи миллӣ оид ба таъмини бехатарии хуни донорӣ ва такмили фаъолияти хадамоти хун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гузаронида шавад, маълумоти мушаххас дод. Ҳамчунин паҳлуҳои манфиатовари иқдоми мазкурро баён дошта афзуд, ки тибби муосир аҳамияти фоиданокии хунсупориро барои саломатии инсон тасдиқ намудааст, инчунин бартарии хунсупорӣ, барои пешгирии бемориҳои системаи дилу рагҳо ва иммунитет мақсаднок буда, хуни супоридаи шахс барои наҷоти ҳаёти беморон, ки барои хуни донорон эҳтиёҷ доранд, мусоидат менамоянд.Донорӣ-3

Чунин ташаббуси дастаҷамъона барои рушди донории ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Абдуғаюр САЛОМОВ,
шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ