Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об: Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ

Масъалаи об ва дастрасӣ ба он яке аз мушкилоти муҳимтарини асри XXI гардидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарони кишварҳои оламро ба худ ҷалб кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги оби ширин мебошад, аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳониро пеш гирифт. Ин иқдомҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои идоракунии захираҳои об дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардаанд.

Марҳалаҳои асосии ташаббусҳо Тоҷикистон дар масъалаи об

Сиёсати об ва дипломатияи фаъоли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули даҳсолаҳо натиҷаҳои назаррас доданд. Муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар СММ:

Соли 2003: Соли байналмилалии оби тоза. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Ассамблеяи Генералии СММ, соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид. Ин қадам барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳон бо мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ замина гузошт.

Солҳои 2005-2015: Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт». Ин ташаббус, ки бо саъю кӯшиши зиёди дипломатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қабул шуд, ҳадаф дошт, ки ба рушди устувор ва коҳиш додани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум мусоидат намояд.

Солҳои 2018-2028: Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор». Қатъномаи мазкур (A/RES/71/222) 21 декабри соли 2016 бо муаллифии 177 кишвари узви СММ қабул шуд. Ин даҳсола идомаи мантиқии иқдомҳои қаблӣ буда, ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор равона шудааст.

АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об танҳо як иқдоми дипломатӣ набуда, балки ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, афзоиши аҳолӣ ва норасоии оби ошомиданӣ равона шудаанд.

Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ба ҳадафҳои зерин мусоидат мекунад:

Рушди устувор: Тақвияти идоракунии захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ.

Ҳамоҳангсозӣ: Муттаҳид кардани кӯшишҳои донорҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муассир.

Инноватсия: Ҷустуҷӯи роҳҳои нави маблағгузорӣ ва технологияҳои сарфакоронаи истифодаи об.

Хулоса, Эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои глобалии об – ин натиҷаи хиради сиёсӣ ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин иқдомҳо на танҳо обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурданд, балки барои тамоми инсоният ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳаётан муҳим роҳ кушоданд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо истифодаи сарфакорона ва оқилонаи ин сарвати бебаҳо, дар ҳифзи он саҳмгузор бошад.

Таҳияи мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»

Ҳамроева Мадина