Ташрифи Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ба Китобхонаи миллӣ

Аҳмад ибни Муҳаммад ал-ҶарванДирӯз, 19-уми октябр дар доираи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳамулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван, ки бо ҳайати ҳамроҳаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Меҳмонони олиқадрро муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода пазироӣ кард. Онҳо аввал аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китобҳои Дастхатҳои Шарқ ва Осорхонаи китобҳои тозанашри даврони Истиқлол дидан намуда, таассуроти хешро дар китоби назароту пешниҳодот навиштанд.

Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван аз шеваи нигоҳдории китобҳои қадима, нусхаҳои қаламӣ, дастхатҳо изҳори хушӣ кард ва гуфт ин аст эҳтиром ба гузаштагон ва эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат. Ин китобҳо садои асрҳоянд, онҳо хотираи таъриханд ва ҳазорон рӯйдоди таърихиро дар саҳифаҳои худ ҷо додаву он садоҳоро ба мо расондаанд ва оянда ҳам ба ояндагон хоҳанд расонд.

Аҳмад ибни Муҳаммад ал-ҶарванПрезиденти Шӯрои ҷаҳониии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван корти узвияти Китобхонаи миллии Тоҷикистонро соҳиб гардида, қайд намуд, ки дар сафарҳои оянда ҳамчун узви Китобхона аз корти мазкур истифода хоҳанд кард.

Абдуғаюр САЛОМОВ