Ташрифи Сафири Ҷумҳурии Австрия ба Китобхонаи миллӣ
Имрӯз (08.04.2026) директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия Андреа Бахер ва мушовири сафир Клеменс Махалро ба ҳузур пазируфт.
Ҷумахон Файзализода меҳмони олиқадрро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, бо таърихи Китобхона ва бунёди бинои нави он ошно намуд. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон таърихи ҳудудан якасра дошта, бинои наве, ки ҳоло мо дар он ҳузур дорем, соли 2012 ба фаъолият оғоз кардааст. Бинои Китобхонаи миллӣ аз нуҳ ошёна иборат буда, шакли китоби кушодаро мемонад ва ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Гуфтан ба маврид аст, ки Китобхона барои ғунҷоиши 10 миллион китоб пешбинӣ шуда, алъон наздик ба 4 миллион нусха китоб бо зиёда аз 60 забони халқҳои ҷаҳонро дорост.
Директори Китобхона дар ҷарёни суҳбат зикр намуд, ки забондонӣ талаботи замон буда, бе донистани забонҳои хориҷӣ ворид шудан ба муносибатҳои ҷаҳонӣ хеле мушкил аст. Ин аст, ки дар Китобхонаи миллӣ Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъолият дорад ва хоҳишмандон имкон доранд дар ин марказ забонҳои русӣ, англисӣ, куриёӣ, олмонӣ ва чиниро омӯзанд.
Ҳамзамон директори Китобхона аз ҳамкориҳои муштарак ва судманди Муассиса бо Китобхонаҳои як қатор мамлакатҳои хориҷӣ сухан карда, дар ин ҷараён ҷонибҳо атрофи тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар намуданд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки Китобхонаи миллӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд 27 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Фаронса, Корея, Эрон ва чанде дигар ба имзо расонидааст.
Дар раванди суҳбат таваҷҷуҳи меҳмонон ба шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ ва Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхона афзуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳамчун рамзи дӯстӣ директори Китобхонаи миллӣ ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-ро тақдим намуд.
Ҳайати меҳмонон аз Китобхонаи миллӣ ва роҳбарияти Китобхона ҷиҳати пазироӣ арзи сипос намуданд.
Дар идома меҳмонон аз толори хониш ва толори гӯшаҳои китоби давлатҳои мухталифи ҷаҳон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ, толори Осорхонаи китобҳои нодир ва Осорхонаи китобҳои тозанашри даврони истиқлол дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки меҳмонон ба мусаввараи Сабзаалӣ Шарифзода, ки тули 20 сол эҷод шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба суолҳои хеш посух гирифтанд.
Зимнан, Хонум Андреа Бахер – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар китоби меҳмонони фахрии Китобхонаи миллӣ соядаст ва таманниёти хешро иброз дошт.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа