Ташрифи сафири Корея ба Китобхонаи миллӣ

Баъд аз зуҳри рӯзи 31-уми март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок бо мушовири Сафорати Корея Ю Ун Ёнг ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмонон сараввал аз мусаввари таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр, гўшаи китоби Ҷумҳурии Корея дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва Гўшаи фарҳангии Корея дидан намуданд.  

Баъдан, мулоқоти сафири тозатаъини Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донг Сок бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода  сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз фаъолияти пурсамар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея суҳбат карданд, атрофи муносибатҳои дуҷониба дар самти китобу китобдорӣ, иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Корея изҳори назар намуданд.

 Ҳадафи ин диду боздид таҳкими ҳамкориҳо миёни Китобхонаҳои ду кишвар буд.

Ҷаноби Сафир дар оғози сўҳбат қайд намуд: “Ин аввалин бор аст, ки ман вориди Китобхонаи миллии Тоҷикистон шудам ва ҳоло мебинам, ки ин чӣ бинои озодаву зебост ва боҳашамат.  Ба қарибӣ мо 30 – солагии робитаҳои дипломатӣ, фарҳангиву иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро таҷлил менамоем. Бар ин муносибат хостем ба Китобхонаи миллӣ оем ва барои боз ҳам густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти дуҷонибаи ҳамкориҳои фарҳангӣ талошҳои бештар кунем. Хеле хуш аз он шудам, ки дар Китобхонаи миллӣ Корея Гӯшаи фарҳанг дорад ва аз тариқи он хонандагони тоҷик бо фарҳанги кишвари мо ошно мешаванд.  Умедворам ин ҳамкориҳо дар оянда низ таҳким меёбанд”.

Дар вохўрӣ ҷонибҳо атрофи боз ҳам густурдатар намудани рушди фаъолияти соҳаи китобдорӣ миёни китобхонаҳои ду кишвар ибрози назар намуданд.

   Гуфтанист, ки  Гўшаи фарҳангии Корея бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманди дўстона байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таблиғи фарҳанги Корея дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Он тибқи Ёддошти тафоҳуми миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Фонди Институти Подшоҳии Сеҷони Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Душанбе соли 2013 ба муддати 5 (панҷ) сол ба роҳ монда шуда буд. Баъдан, бори дуюм моҳи июли соли 2019 дар ҳошияи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсис додани Гўшаи Корея» ба имзо расид, ки айни ҳол амал мекунад.

 Фарзонаи Мирзо.