Ташрифи сафири тозатаъини Озарбойҷон ба Китобхонаи миллӣ

Имрўз Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров бо ёрдамчии сафир Элмаддин Рзаев ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ Масрур Раҷабов ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро аз даромадгоҳ муовини якуми Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва муовини Директор Гадобек Маҳмудов пешвоз гирифтанд.

Дар толори пазироӣ Директори Китобхонаи миллӣ  Файзализода Ҷумахон Хол ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳамчунин, Директори Китобхона қайд намуд, “ҷиҳати ҳамкориҳои байни китобхонаҳои миллии ду кишвар дар самти фаъолияти китобу китобдорӣ санаи 27 ноябри соли 2018 дар рафти ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) 4-умин нишасти директорони китобхонаҳои ИДМ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон ба тасвиб расида буд. Дар ҷаласаи мазкур Директори Китобхонаи миллии Озарбойҷон Тоҳир Каримов ширкат дошт.

Дар ин зимн, моҳи октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллӣ  рўнамоии китобҳои адибони шинохтаи Озарбойҷон Ҷалил Мамадгулзода ва Имодуддин Насимӣ «Девони Насимӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд, доир гардида буд. Дар рафти мулоқот Директори Китобхона  қайд намуд, моҳи сентябри соли равон бахшида ба  30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии китобдорон таҳти унвони “Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: дурнамо ва стратегияи рушд” дар доираи эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021 баргузор гардид, ки дар конфронси мазкур муовини директори хизматрасонӣ, иттилоотӣ-китобдорӣ ва робитаҳои байналмилалии “Китобхонаи миллии Озарбойҷон” ба номи М.Ф. Ахундова, Исмайлова Адиба Имаш ширкат ва суханронӣ намуд.”

Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби Сафир ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон “Хамса”-и Низомии Ганҷавиро, ки бо забони тоҷикӣ навишта шудааст, тақдим намуд. Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор  Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби Сафирро бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

         Пас аз мулоқот меҳмонон аз мусаввараи таърихӣ, Осорхонаи китоб, толори намоиши китоб ва толори адабиёти хориҷӣ, ки дар он ҷо гӯшаи китобии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ мавҷуд ҳаст, дидан намуданд.

 

 Фарзонаи Мирзо