Ташрифи сафири Туркия ба Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрўз 15-уми март сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард.
Меҳмонон сараввал аз мусаввари таърихӣ, осорхонаи китоб, толори намоиши китоб боздид ба амал оварданд.
Сипас, меҳмонон аз гўшаи китобии Ҷумҳурии Туркия, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, дидан намуданд.
Баъдан, мулоқоти сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл бо Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол сурат гирифт
Сараввал ҷонибҳо аз ҳамкориҳои пурсамар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия риштаи суханро оғоз намуда, атрофи муносибатҳои дуҷонибаи китобу китобдорӣ, фаъолиятҳо дар соҳаи китобдорӣ изҳори назар намуданд.
Зимни вохўрӣ ҷаноби Сафир пешниҳод намуд, ки омодааст барои васеътар намудани гўшаи китобии Туркия дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон як миқдор китоб тақдим намояд. Инчунин, дар рафти мулоқот ҷаноби Сафир зикр намуд, Китобхонаи миллии Туркия омода аст Гўшаи китобии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар яке аз толорҳои хониши худ ифтитоҳ намояд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби Сафир ду нусха китоб ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин, Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол барои густариши ҳамкориҳои судманд миёни китобхонаҳои ду кишвар ҷаноби Сафирро бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” (бо забони англисӣ) сарфароз гардонид.
Ёдовар мешавем, ки Эмре Зеки Карагёл аз 21 марти соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Фарзонаи Мирзо