Тасвири офтобпараст дар маҳфили “Ман метавонам”

Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили расмкашӣ зери унвони «Ман метавонам» дар мавзўи «Офтобпараст» бо хонандагони фаъоли шуъба баргузор гардид.

 

Сараввал муаллима оид ба хусусияти биологии «Офтобпараст» маълумот дода, аз ҷумла гуфт: Офтобпараст рустании ба хушкӣ тобовар, гармӣ ва рўшноидўст мебошад. Агар ба офтобпараст рўшноӣ кам расад, сабадчаҳои он хурд ва ҳосилашон кам мешавад. Аз рўи мушоҳидаи коршиносон тухми офтобпараст ба саломатии инсон ҳам таъсири мусбат дораду ҳам таъсири манфӣ.

Истеъмол кардани офтобпараст ба асабҳо оромӣ бахшида ба торҳои асаб нафъ мерасонад. Дар таркиби тухми офтобпараст витамини Е зиёд аст. Миқдори зиёди калсий дорад, ки барои ҷисми инсон лозим аст.

Сипас миёни муаллима ва хонандагон саволу ҷавоб сурат гирифт. Хонандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва  аз рӯи тасаввури худ расми «Офтобпараст»- ро тасвир намуданд.

Дар охир хонандагон оид ба мавзўъ чистонҳо ва шеърҳо қироат намуданд.

Хонандаи фаъоли шуъба Нозияи Сафархон ҳикояи Азизи Азиз «Ростаку чапак»-ро, ки дар бораи офтобпараст буд нақл намуд ва маҳфил ҷамъбаст карда шуд.

Раҳимова Фирўза.