“Татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар: иҷроиш, равандҳо ва мушкилот”

23-юми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар: иҷроиш, равандҳо ва мушкилот” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» доир шуда, аҳамияти он дар таҳкими заминаҳои илмӣ-техникӣ ва рушди инноватсионии кишвар махсус таъкид карда шуд.
Дар кори конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Давлатзода Бахрулло Раҳмон, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Исмоилзод Ҳаким Шамсулло, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло ва дигар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, олимон, коршиносон ва масъулони соҳа иштирок намуданд.

Ҳамоишро директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмщои педагогь, профессор Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ таъкид кард, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бидуни такя ба илм, таҳқиқоти бунёдӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос имконнопазир мебошад. Ӯ афзуд, ки дар ин раванд рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нақши калидӣ дошта, китобхона ҳамчун маркази муҳими донишандӯзӣ ва тарғиби илм дар ҷомеа фаъолияти густурда дорад.

“Дар воқеъ, баҳри амалӣ намудани ин ташаббусҳои созанда дар радифи дигар ниҳодҳои илмиву тарбиявӣ нақш ва мақоми китобхонаҳо ҳамчун муассисаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва омузишӣ беш аз пеш меафзояд. Имрӯз китобхонаҳо муваззаф ҳастанд, ки бо истифода аз технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ ҳарчи беҳтару бештар дар оммавигардонии дониш, бахусус тарғиби адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ саҳм гузоранд”- илова кард директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдулхолиқзода.

Саъдӣ Шарифзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар идома суханронб карда, таъкид дошт, ки маҳз бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-техникӣ ва маҳорати касбии насли ҷавони кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда, дар заминаи он силсилаи санадҳои дахлдорро қабул намуданд. Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, китобхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро мебояд, бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва илмии мавҷуда ҳамзамон бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои соҳибихтисос ва донишманду ҷавобгӯ ба талаботи замон омода намоянд.
Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар доираи маърузаи худ, аз вазъи интихоби ихтисосҳои табиӣ техникии довталабон сухан гуфт. Зикр гардид, ки зиёда аз 139 ҳазор довталабон аз қайди Маркази миллли тестӣ гузашта ҳамагӣ 12,6 фоиз равияҳои табии техникиро интихоб намуданд, ки барои таъмини талаботи бозори меҳнат, тадбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар кофӣ нест.

Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Давлатзода Баҳрулло Раҳмон доир ба нақши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи саноат маърӯзаи муфассал ироа намуда, таъкид кард, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, пеш аз ҳама, ба сатҳи таълими кадрҳои техникӣ ва муҳандисӣ вобастагии мустақим дорад.
Қайд гардид, ки имрӯз дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва рақобати ҷаҳонӣ зарурати таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии соҳаи таҳсилоти касбӣ бештар эҳсос мегардад. Дар ин замина, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба марказҳои омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори кор табдил ёбанд.

Дар конференсия, инчунин, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Исмоилзод Ҳаким Шамсулло маърӯза намуда, масъалаҳои марбут ба рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва густариши таҳқиқоти илмиро мавриди таҳлил қарор доданд.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло оид ба мавзуи баланд бардоштани сифати таҳсил дар донишгоҳҳо ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир дар бозори меҳнат суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки зеҳни сунъӣ ва истифодаи васеи он дар раванди таълим метавонад, дар рушди тамоми соҳаҳои кивар аз ҷумла иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузор бошад.

Иштирокчиён зимни баромадҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ танҳо бо ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот имконпазир мебошад. Дар ин замина, ҷалби ҷавонон ба соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва илмҳои дақиқ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми конференсия таъкид шуд, ки чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷриба, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Пешниҳод карда шуд, ки дар заминаи маърузаҳои ироагаштаи иштирокдорони конфронс дар арафаи таҷлил аз 35 умин солгарди Истиқлоли давлатӣ маҷмуаи мақолаҳо нашр мегардад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеаи
Китобхонаи миллӣ.