Таваҷҷуҳи хонандагон нисбат ба матбуоти даврӣ ба маротиб беҳтар шудааст

Давоми шаш моҳаи аввали соли 2021 ба толори хониши шуъбаи матбуоти даврӣ 7042 хонанда ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3149 нафар бештар мебошад. Бояд гуфт вобаста ба бадшудани вазъи эпидимологӣ ё худ хуруҷӣ бемории COVID-19 шумораи хонандагон дар соли 2020 нисбатан кам гардида буд.

Нишондиҳадаҳои нимсолаи аввали соли 2021 бозгӯи он аст, ки таваҷҷуҳ ба матбуоти даврӣ ба мартиб беҳтар гардидааст.

Тибқи дархости хонандаҳо давоми моҳҳои январ-июн 15 375 бастаи рӯзнома 8625 шумораи маҷалла пешниҳод шудааст.  Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини хонандагон бо маводҳои тозанашр ҳар ҳафта ба шуъба беш аз 50 номӯи рӯзномаву маҷаллаҳо ворид мешаванд.

Аз ҷумла давоми шаш моҳи соли 2021 1701 нусхаи рӯзнома дар асоси нусхаи ҳатмӣ 1287 шумораи рӯзномаҳо дар асоси нусхаҳои обунавӣ бо забонҳои тоҷикӣ русӣ ҳамзамон 2176 нусхаи рӯзномаҳои ноҳиявӣ маҷмӯан 5767 нусхаи рӯзнома ва 569 шумораи маҷаллаи тозанашр ба фонди шуъбаи матбуоти даврӣ ворид гардидааст, ки дастраси хонандагон мебошад.