Тавсифи мавзӯоти «Фалак» дар назми форсии тоҷикӣ
Тавсифи ифодаҳои мафҳуми «Фалак» дар осори шоирони форсу тоҷик бештар фалсафавӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ватандустӣ, мубориза бо ситаму бедодгариҳо таҷассум намудаанд.
Образи мафҳуми «Фалак» дар осори шоирон – шикоятӣ буда фалакро сабабгори бадбахтиҳои худ медонанд.
Образҳои «Фалак» дар адабиёти китобӣ ва ҳам шифоҳӣ тасвири якхела буда, дар ҳарду маврид аз дасти «Фалаки ситампеша» инсон шикваҳо, нолаҳо, фарёдҳо дорад. Ҳофиз аз фалаки каҷрафтор ба сутуҳ омада навиштааст:
«Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем».
Умари Хайём бошад аз байн бурдани онро ба миён гузоштааст:
Гар бар фалакам даст буди чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
Аз нав фалаки дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.
Аҳмади Дониш дар «Наводир – ул Вақоеъ» мафҳуми фалакро шикоят аз бемеҳриҳои гардун ва бедодгариҳои фалак дониста: чунин навиштааст: «Афвоҳи шуаро ҷиҳати шикояти бемеҳриҳои гардун кушодааст (ва) аз синаи фусаҳо дод аз бедодиҳои фалак дода»
«Фалак» – ин ифодагари эътирозу шикваҳои мардум, ҷавру зулми замона, камбағалию нодорӣ, ғарибию танҳоӣ ва қисман ифодагари ишқу муҳаббат ва тарбияи инсон мебошад.
Тавассути «Фалак» мардум ғами худро сабук, меҳнату машаққати худро осон ва муносибату эҳсоси худро ифода мекунанд. Образу мавзӯоти «Фалак» дар адабиёти хаттии мо нақши муҳим доранд.
«Фалак» дар осори шоирони форсии тоҷикӣ тавассути нақши образҳои шикоятӣ, таъбирҳои: чархи баланд, гардун, сипеҳр, чархи гардун, чархи каҷбоз, чархи фалак, гардиши рӯзгор, чархи ҳуққабоз, гардиши осмон, чарх, чархи ҷафопешша, чархи дун, чархи каҷниҳод, чархи дунпарвар, ҷаври фалак, чархи ситамгар, гардиши осмони баланд, чархи каҷрав, сипеҳри барин, чархи вожгун, чархи воло, чархи дулобӣ, чархи лоҷвардӣ, чархи деринасос ва ғайра ба қалам омадаанд.
Барои тавқияти фикр намунаҳои баргузидаи тавсифи мавзӯоти «Фалак» барге аз хирвони назми олишони форси тоҷикӣ манзур мешаванд:
Чархе каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади доира дарбохт каҷа.
*** Рудакӣ
Он Худое, ки шебу боло сохт,
Ё фазилат ҳамедиҳад ё бахт.
***
Ҳама вақт мардум зи ҷаври замон,
Биноланду аз гардиши осмон.
***
Ки то дар фалак моҳу хуршед ҳаст,
Дар дафтарат зикру ҷовид ҳаст.
*** Саъдӣ
Сабаб мапурс, ки чарх аз сифлапарвар шуд,
Ки ком бахши ӯро баҳона бесабабист.
*** Ҳофиз
Тарбияи хоҷа кун, з-он ки наёрад зи бим,
Баёти тадбири ӯ чархи мудаввар шикаст.
*** Анварӣ
Эй чархи фалак, замонаи дунпарвар,
Аз каҷравият ростравон хатар.
Дона зи ту пою нодон дар сар
Ё Раб шавад ин чархи фалак зеру забар!
***
Фиғон з-ин чархи дулобӣ, ки ҳар рӯз,
Ба чоҳе афканад моҳе дилафрӯз
***
Бар паллаи нардбони ҳиммат неҳ пой,
Аз авҷи фалак турунчи давлат баргир.
***
Саргашта зи ахтарам аз гардиши фалак,
Толеъ мадад намекунаду бахт ҳеҷ як.
***
Шаби ғам гирдоби оҳам аз чо бурд гардунро
Фуру хурд аждаҳои сели ашкам рубъи маскунро.
***
Шуд гардиш чархи деринасос,
Хақоиқпазиру дақоиқшинос.
***
Нигинвор ин чархи фирӯзафзом
Паи номи некӣ бувад в-ассалом.
*** Абдурраҳмони Ҷомӣ
То кай Ҳилолиро чун з-он моҳ медодӣ ҷудо,
Ё Раб, ки эй чархи фалак, зеру забар бинам туро.
*** Ҳилолӣ
Зи авҷаш гар тавонӣ, сар кашидан,
Фалак гардӣ ба андози хамидан.
*** Бедил
Ҷаҳондоре ояд харидори ту,
Ба зудӣ шавад ба фалак кори ту
*** Низомӣ
Мангар бад-ин заиф танам, з-он ки дар сӯхан,
З-ин чархи пурситора, фузун аст, асар маро.
***
Накуҳиш макун чархи нилӯфариро,
Бурун кун зи сар боди хирасариро.
*** Носирӣ Хусрав
Ҳамеша даври чархи лоҷвардӣ,
Надорад пешае ҷуз роҳнавардӣ.
*** Хусрави Деҳлавӣ
Дил сӯхт дар симоу намеистад зи чарх,
Рақсест гарм бар сари оташ кабобро.
*** Камоли Хуҷандӣ
Фалак ба қомати пири хамида мемонад.
Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.
Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,
Сари сипеҳр ба нори макида мемонад.
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор,
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.
*** Саййидо
Фарёд зи дасти чархи нилӣ,
К-афканад дар оташам ба силӣ.
*** Шоҳин
Фиғон аз ғаму дарди доғӣ ҷудоӣ,
Ки з-у шуд ба сад меҳнатам ошноӣ.
Айнӣ
Манбаъ: “Фалак” ва системаи лаҳнии он”. Душанбе, 2006.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
Таҳияи Руҳафзои Хасанзод, корманди шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.