Театр, санъати тасвирӣ ва кино дар замони ҷанг

ТеатрКоркунони 21 театри Тоҷикистон, аз он ҷумла панҷ театри  ҷумҳуриявӣ ҳам дар солҳои  ҷанг 1941-1945 дар ғалаба  бар фашизм ҳиссагузорӣ карданд. Бояд қайд кард ки дар  давраи ҷанг, дар натиҷаи  ба фронт даъват шудани теъдоди коркунони театрҳо шароити эҷод кардани асарҳои саҳнавӣ хеле мушкил буд. Соли 1942 дар Душанбе сохтмони театри опера ва балет ба охир расид.

Барномаи  театрҳо асосан ба мавзўъи ҷанг ва меҳнати  сангини ақибгоҳ нигаронида шуда буданд. Баромади ҳунармандон бевосита дар колхозҳо, корхонаҳо, шифохонаҳо дар қисмҳои ҳарбӣ ташкил карда  мешуданд.

Дар он солҳо асарҳои саҳнавии коркунони санъат хусусияти  даъват ба муборизаи зидди душман равона карда шуда  буданд. Дар репертуари театри академияи ба номи Лоҳутӣ ва театри ба номи А.Пушкини шаҳри Ленинобод асосан асарҳои ҷангии драматургҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта мешуданд. Чунончи, «Дили модар»-и Ҷ. Икромӣ, «Дар оташ»-и С. Улуғзода гузошта  шуда буданд, ки дар он қаҳрамонони ҷанговар ва меҳнати  шуҷоатмандонаи халқ нишон дода шуда буд. Дар асари  саҳнавии «Дили модар»-и (1942) Ҷалол Икромӣ меҳнати қаҳрамонони  одамон  дар ақибгоҳ тасвир карда шуда буд.

Асарҳои саҳнавии театр ба давраи муборизаи қаҳрамононаи таърихи халқи тоҷик ҳам бахшида шуда буданд. Чунончи, асари саҳнавии «Калтакдорони Сурх», «Хун ба хун», « Тоҳир  ва Зуҳро», « Рустам ва Суҳроб» одамонро дар руҳи ватандўстӣ, қаҳрамонӣ тарбия  менамуданд.

Дар солҳои ҷанг коллективҳои эҷодии театрҳои Ленинград, Волгоград, Воронеж, Украина, Днепропетровск ба Тоҷикистон эвакуатсия шуда, дар саҳни  театрҳо бо  барномаҳои худ баромад мекарданд. Соли 1943 бригадаи махсуси фронтӣ ташкил карда шуд, ки гурўҳи ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон шомили он буданд ва дар  давраи  солҳои 1941-1945 нафақат дар қисмҳои ҳарбӣ, балки дар байни  коргарони шаҳрҳои Свердловск, Нижний Тагил, Уралмаш ва дигар  шаҳрҳои саноатӣ баромад карда, сазовори эътибори мардуми Русия мегардиданд.

Солҳои ҷанг гурўҳи ҳунармандон дар қисми ҳарбии Сталинград, Москва ҳунарнамоӣ менамуданд. Масалан, дар сеюним моҳ-аз 14 январ то 5 марти соли 1943 бригадаи ҳунармандони Тоҷикистон 128 консерт доданд.

Рассомони Тоҷикистон низ дар тарбия намудани одамон, даъвати онҳо барои мубориза зидди Германияи фашистӣ бо ҳунару мўқалами худ ҳиссагузорӣ карданд. Дар даҳаи намоиши санъати тасвири Тоҷикистон, апрели соли 1941 дар Москва наздик 400 мусаввараву нигораҳо пешниҳод карда шуданд. Дар он осори 64 нафар рассомон намоиш дода шуд. Дар давраи ҷанг бошад рассомони Тоҷикистон ба  баровардани бюлетенҳо. Варақҳои ҷангӣ, оро додани клубҳо,  чойхонаҳои сурх машғул шуданд.

Он солҳои мудҳиш мунтазам намоиши асарҳои рассомон ташкил карда  мешуданд. Чунончи, 1 май соли  1944 дар  театри   опера ва балети шаҳри Сталинобод намоиши ҳунари рассомон дар мавзуи  «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ташкил карда шуд.

Ҳамчун рассомони Тоҷикистон доир ба қаҳрамонии ҷанговарон, меҳнати  сангини ақибгоҳ, қаҳрамонҳои таърихии халқи тоҷик асарҳое ба монанди «Шўришии Маҳмуди Торбӣ»-и Ю.Кузминов, «Темурмалик»-и С. Захаров, «Муқанна»-и М.Хушмуҳаммедов офарида буданд.

Ғайр аз ин рассомони Тоҷикистон варқаҳои сиёсӣ ташвиқотӣ  бароварда, онро он ба воситаи «Оинаи ТоҷикТА”, «Окна ТАСС», паҳн менамуданд, кариктатураҳо эҷод мекарданд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ коркунони синамо хеле хидмат кардаанд. Ҳар даҳ рўз киножурнали махсус оид ба рафти ҷанг ва меҳнати ақибгоҳ бароварда мешуд.

Санъати кинои Тоҷикистон аз ҳисоби ба Тоҷикистон омадани мутахассисони кинои Москва хеле пеш меравад. Хусусан, бо ёрии мутахассисони Москва истеҳсоли кинофилми «Ночь над Белградом», «Принц и ниший», «Таджикистан», «Бой над соколом», «Клятва Темура», «Кашей бесмертный», «Сын Таджикистана» барои  тамошобинон туҳфаи бебаҳо ба ҳисоб мерафт. Соли 1945 дар Тоҷикистон 24 кинотеатрҳои шаҳрӣ, 70 деҳавӣ амал мекарданд.

Ҳамин тавр коркунони  кинематография ҳам дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ миллионҳо одамонро  дар рўҳи  ватанпарварӣ тарбия  мекарданд.

Хулосаҳо

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи ягона мамлакати  сотсиалистии ҷаҳон, ки ба ҳайати он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дохил мешуд, воқеаи бузурги  бесобиқа  ҳисоб мешавад. Ин ҷанг  задухўрди ду ҷаҳон, сахти давлатӣ сотсиалистӣ ва капиталистӣ, ду ғоя – ғояи комунистӣ ва буржуазӣ буд. Дар ин ҷанг аввалин мамлакати сотсиалистии баадолат бар Германияи фашистӣ ва Японияи  милитаристонӣ ғалаба карда, мамлакатҳои Аврупо, Осиё ва Африкоро аз  асорат раҳо кард.

Манбаъ: Ш.Аҳмадов: “Саҳми Тоҷикистон дар фронт ва аибгоҳ” (1941-1945). Хуҷанд, соли 2010.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.