101 сол пеш дар ин рӯз олам боз як ҷоизадори Нобели адабиётро аз даст дода буд

Карл ШпиттелерСоли 1924 дар Лютсерн шоири швейтсарӣ Карл Шпиттелер, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (1919) дар синни 79-солагӣ вафот кард.

Карл Шпиттелер бо тахаллуси Карл-Феликс Тандем маъруф аст, ў 24 апрели соли 1845 дар Лиестали наздикии Базел ба дунё омад. Вақте ки падараш, як мансабдори давлатӣ, дар соли 1849 хазинадори Конфедератсияи Швейтсария таъин шуд, оила ба Берн кӯчид. Карл бошад, бо холааш дар Базел монд ва ба гимназияи маҳаллӣ дохил шуд. Шпиттлер, ки аз хурдӣ ба мусиқӣ ва расмкашӣ майл дошт ва орзуи рассом шуданро дошт, аммо дар мактаби миёна ба шеъри эпикӣ, бахусус ба эҷодиёти Людовико Ариосто, шоири итолиёвии замони Эҳё таваҷҷуҳ пайдо кард. Дере нагузашта Карл ба навиштани шеър шурӯъ мекунад. Соли 1863 ба хоҳиши падараш, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сюрих дохил шуд. Соли 1871 Шпиттлер дар оилаи генерали рус омўзгори оилавӣ шуд ва ҳашт сол дар Петербург зиндагӣ карда, гоҳ-гоҳ ба Финландия сафар мекард. Дар ин муддат ӯ аввалин достони эпикии муҳими худ «Прометей ва Эпиметей»-ро, ки ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ дар Ҳейделберг дар пайи эҷоди он буд, ба анҷом расонд. Дар соли 1879 ба Швейтсария баргашта, ин шеърро аз ҳисоби худ бо тахаллуси Карл Феликс Тандем нашр кард. Аммо нашри «Прометей» бетаъсир мемонад ва Спиттлер ба хулосае меояд, ки бо эҷодиёт рўзи худро пеш бурда наметавонад.

Соли 1881 дар Нойвевил омўзгор шуд ва дар он ҷо баъди ду сол ба шогирди худ Мари дер Хофф хонадор шуд. Дар баробари ин Шпиттлер дар рӯзномаҳои Базел (аз 1885 то 1886) ва Тсюрих (аз 1890 то 1892) ба ҳайси рӯзноманигор кор карда, навиштанро идома медод. Бо қалами ӯ маҷмӯаҳои шеъру наср пайдо мешуданд.

Дар соли 1892 завҷаи Шпиттлер соҳиби мероси падару модараш шуд ва ӯ худро комилан ба адабиёт бахшид. Оила ба Лютсерн кӯчид.  Шпиттлери хаёлпараст дар он замон ба шўҳрати васеъ умед баста наметавонист. Бо вуҷуди ин, соли 1887 файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше ӯро ба вазифаи муҳаррири маҷаллаи Мюнхен Kunstwart (Art Review) тавсия дод. Аҷиб ин аст, ки вақте Шпиттлер пас аз даҳ сол боз «Прометей ва Эпиметей»-ро бо номи худаш нашр кард, ӯро муттаҳам карданд, ки мавзуи шеърашро аз Нитсше, аз «Гуфтори Зардушт» гирифтааст. Азбаски достон пеш аз китоби Нитсше нашр шуда буд, Шпиттлер маҷбур шуд, ки худро аз иттиҳомоти асардуздӣ ҳимоя кунад, ки он дар «Муносибати ман бо Нитсше» ном навиштааш (1908) инъикос ёфтааст.

Шпиттлер пас аз нашри достони «Баҳори олимп» шӯҳрати калон пайдо кард. Достон аз соли 1900 то соли 1905 қисм-қисм чоп шуда, соли 1910  ба пуррагӣ нашр гардид. Ин достон аз панҷ китоб иборат буда, зиёда аз 600 саҳифаро дарбар мегирад.  «Баҳори олимп» ҳамчун шоҳасари адабиёти олмон эътироф гардид. Шпиттлер ба мисли пешин дар танҳоӣ зиндагӣ карда, аз изҳорот дар мавзӯъҳои сиёсӣ ва динӣ худдорӣ мекунад.

11 ноябри соли 1920 Карл Фридрих Георг Шпиттлери 75-сола  барои достони  беҳамтои «Баҳори олимп» сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт гардид. Худи Шпиттлер бемор буд ва дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок карда натавонист. Шоир матни суханронӣ дар маросими эътои ҷоизаро ҳам пешниҳод накардааст. Карл Шпиттлер баъди чор сол, 28 декабри соли 1924 дар Лютсерн вафот кард.

Далели обрўи баланди эҷодии нависанда таъзияномаи Ромен Роллан мебошад, ки дар он Шпиттлерро «Гомери мо, бузургтарин шоири олмонизабон пас аз Ҳуте, ягона устоди жанри эпикӣ пас аз марги Милтон, шахсияте, ки дар санати муосир фарқ мекунад” номида буд.

Саломат Яъқубова, сармутахассиси шуъбаи
хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.