101 соли Маъруфхоҷа Баҳодуров
Аз таваллудаш 101 сол ва аз реҳлаташ 25 сол мегузарад. Ҳамоно аз бойгонии радио ва телевизион садояшро мешунавем, симояшро мебинем. Лаҳни хуши гуфтор, шева сарояндагии хосаш ҳамоно дилҳоро тасхир мекунад. Ҳамин аст умри абад барои як ҳунарманд.
Баҳодуров Маъруфхоҷа (Маъруфхоҷа Баҳодур, соли таваллуд 1920 соли вафот 1996 деҳаи Румон, ноҳияи Хуҷанд), сароянда, навозанда, оҳангсози мардумӣ, донандаи мероси мусиқии суннатии мардумӣ, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1947), аз идомадиҳандагони сабки иҷрои Содирхони Ҳофиз (1847-1931), косибзода.
Сознавозӣ ва овозхониро аз падараш Баҳодурхоҷа ва бобояш Олимхоҷа, ки аз аҳли созу наво ва шеър буданд, меомўзад. Аз овони ҷавонӣ ба сабки иҷроии Содирхони ҳофиз, дигар устодони мусиқии суннатии Хуҷанду Фарғона майл дошт.
Фаъолияти иҷроиашро дар радио ва театри ҷавонони вилоят (Ленинобод, 1939) оғоз намуда, сипас солҳои 1940-1957 дар филармонияи давлатии РСС Тоҷикистон, Кумитаи давлатии радиошунавонии РСС Ӯзбекистон, Кумитаи радиошунавонии назди Совети вазирони РСС Тоҷикистон (1957-1963) чун сароянда хидмат кардааст.
Муаллифи сурудҳои зиёд: «Дилбари ҷонони ман» (ғаз. Бедил), «Тасаддуқ» (ғаз. Машраб), иҷрокунандаи беҳтарини «Гулёри Содиқхон», «Шаҳнози содирхон», «Гулёр», – Содирхони Ҳофиз, мусаннифи достони шеърию мусиқии «Лайлӣ ва Маҷнун» ва ғайра мебошад.
Маъруфхоҷа инчунин дар иҷрои «Баёт», «Ушшоқ», «Чоргоҳ», «Дугоҳ», «Ироқ», «Нимчупонӣ» ва ғайра маҳорати хоси иҷроӣ ба харҷ додаст. Ў иштирокдори даҳаи адабиёт ва ҳунари тоҷик (Москва, 1941), даҳаи санъати Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (Тошканд, 1944) ва дигар барномаҳои ҳунарист.
Маъруфхоҷа ба кишварҳои Афғонистон, Эрон сафарҳои ҳунарӣ намуда, бо Орденҳои байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва ифтихорномаҳои РСС Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Осори баргузидааш дар хазинаи тиллои радиои Тоҷикистон сабт шуда ва маҳфуз аст.
Баргирифта аз китоби Донишномаи Шашмақом. Абдувалӣ Абдурашидов, Фароғат Азизӣ, Аскаралӣ Раҷабов, Наим Ҳакимов – Душанбе, 2009.
Таҳияи мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Парвонаи Фатҳулло.