16 сол пеш дар ҳамин рӯз. Даргузашти Сидни Шелдон, муаллифи пурфурӯштарин романҳо дар олам

sidni-sheldonСоли 2007 дар Ранчо-Мираж нависанда ва намоишноманависи маъруфи амрикоӣ Сидни Шелдон бар асари илтиҳоби дутарафа тарки олам кард. Вай 89 сол дошт.

Шелдон пеш аз он ки ба навиштани романҳо оғоз кунад, намоишномаву филмномаҳо менавишт. Чун беҳтарин филмноманавис  барандаи ҷоизаи Оскар шудааст.

Дар достоннависӣ як адиби муваффақ буд ва бо 19 роман ҳафтумин нависандаест, ки асарҳояшон пурфурӯштарин ба ҳисоб мераванд.

Шелдон ҳамчунин муаллифи 30 филмнома, 250 филмномаи телевизионӣ ва 10 намоишнома мебошад.

Ношири осораш ҳисоб кардааст, ки то замони маргаш романҳои ӯ 275 миллион нусха нашр шуда, дар китобхонаҳои дунё ба фурӯш рафтаанд.

Урёнчеҳра”, “Он сӯи нимашаб”, “Хати хун”, “Агар фардо биёяд”, “Хотироти нимашаб”, “Ситораҳо медурахшанд”, “Ҳеч чиз ҷовидона нест”, “Субҳ, зуҳр ва шаб”. “Беҳтарин нақшаҳои ҳисобшуда”. “Осмон ба Замин меояд-дунё ба охир мерасад”, “Тарс аз торикӣ” аз ҷумлаи беҳтарин романҳои Синди Шелдон мебошанд.

Синди Шелдон соли 1947 барои филмномаи “Марди муҷаррад ва духтари ҷавон” ҷоизаи Оскарро соҳиб шуд.

ҲАЁТИ ОИЛАВӢ

Шелдон бори аввал бо Ҷейн Кауфман Ҳардинг издивоҷ кард. Баъдҳо дар хотироташ навишт, ки “баъди як моҳи хонадорӣ ману Ҷейн ба ин натиҷа расидем, ки ҳарду ҳам дар интихоб иштибоҳ кардаем. Мо нуҳ моҳи ояндаро беҳуда гузаронидем ва ҳамвора худро маҷбур мекардем, ки ин зиндагии мо хуш гузарад. Вале беҳуда буд”.

Бори дуюм бо Ҷорҷи Картрайт ҳамхона шуд ва бо ӯ муддати 30 сол зист. Картрайт ҳунарманди синамо буд, вале баъдтар касбашро бо дизайнерӣ иваз намуд. Соли 1985 бар асари сактаи қалбӣ аз олам рафт.

Соли 1989 Синди Шелдон бори сеюм издивоҷ кард ва ҳамсари наваш Александра Костофф ном дошт. Ягона фарзанд – духтаре бо номи Мэри Шелдон аз хонуми сеюмаш ба дунё омад.

Таҳияи Б.Шафеъ.