25-нафар донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд
Ахиран 25 нафар донишҷӯёни колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо ташаббуси омӯзгори ин коллеҷ Меҳрубон Одиназода ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи онҳо тамошои дастхатҳои нодир буд, ки дар ин боргоҳи маърифату дониш нигаҳдорӣ мешавад.
Донишҷӯён бештар ба китобҳо бо ҳуруфи форсӣ, китобҳои чопи сангӣ, дастхатҳои нодири аз замонҳои гуногун боқимонда, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар солҳои аввали Инқилоби Октябр бо алифбои лотинӣ дар Самарқанду Бухорову Тошканд ва Душанбе интишор ёфта буданд, мароқ зоҳир карданд.
Сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир Рамзӣ Ҷумъақулов дар мулоқот бо донишҷӯён онҳоро роҳбаладӣ кард ва дар бораи ҳар китоби гузошташуда дар осорхона, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони ҷавон қарор мегирифт, маълумот медод.
Сардори шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ҳамчунин дар бораи бойгонии китобҳои қадим иттилоъ дода, оид ба китобҳои электронишуда нақл кард ва гуфт ҳоло хонандагон имкон доранд аз тариқи иртиботи интернетӣ аз манбаъҳои электронӣ, ҳамчунин захираҳои электронии нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Фаронса истифода барад.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамарӯза гурӯҳҳои зиёде ба Китобхонаи миллӣ ташриф меоранд ва як бахши фаъолияти шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ роҳбаладии ин афрод дар сайру сайёҳаташон ба Китобхона мебошад. Маъмулан дар поёни сайёҳат иддае аз ин донишҷӯён узви Китобхонаи миллӣ мешаванд ва бо корти вуруди ҳамешагӣ аз ин кохи маърифат хориҷ мегарданд.
Абдуғаюр Саломов