500 номгӯй асарҳои нодири адибони олам ва матбуоти даврии тоинқилобии шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
Фонди нашрияҳои даврӣ қисми махсуси фонди асосии шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ буда, ба системаи фондҳои асосии муассиса дохил шудааст. Ин фонд дар худ маҷаллаҳое аз асрҳои XIX то асри XX чоп гардидаанд дар бар мегирад. Дар он зиёда 500 номгӯ китоб ба теъдоди бештар аз ду ҳазор нусха маҳфуз аст.
Дар навиштаҳои қаблӣ мо дар мавриди таърихи пайдоиши шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ дар сохтори Китобхонаи миллӣ ва сабку усули нигаҳдории бойгонии он маълумоти муфассал пешниҳод намуда будем. Ҳоло мехоҳем оиди ду фонди асосӣ ва бунёдии ин бахши Китобхонаи миллӣ, яъне шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ муфассал дар заминаи манбаъҳои назди мо қарордошта ишораҳо дошта бошем.
Инак, яке аз фондҳои алоҳида ва махсусе, ки дар гўшае аз толори хониши шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ бо тарроҳии махсус ва зебогии худ хонандагонро ба худ ҷалб месозад, фонди адибони ҷаҳон аст. Хонандагони мо метавонанд, дар ин шуъба ба баҳри нопайдоканори китобҳои нодири олам ошноӣ пайдо кунанд ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳраҳо бардоранд.
Дар ин шуъба хонандагон имкон доранд бо зиёда аз 500 номгӯй асарҳои нодири адибони олам ошно гарданд. Аз ҷумла, китоби А.С. Пушкин «Стихотворения, поэмы, сказки»; Уайльд Оскар. «Стихотворения портрет Дориана Грея тюремная исповедь»; А. Чехов «Рассказы, повести, пьесы»; Вильям Шекспир «Трагедия, сонеты»; Шота Руставелӣ «Витязь в тигровой шкуре»; Низами «Пять поэм»; Фирдоуси «Шах-наме» ва ғайра. Аксари ин китобҳо бо забони русианд. Осори маҳфузбуда дар шуъба аз як нусхагӣ иборат буда, ба китобҳои нодири шуъба тааллуқ доранд.
Бойгонии дигар матбуоти даврии то инқилобӣ мебошад, ки ин фонд то имрўз ба пуррагӣ таҳқиқ нашудаву ками андар кам истифода мешавад.
Фонди нашрияҳои даврӣ қисми махсуси фонди асосии шуъбаи нигоҳдории депозитарии Китобхонаи миллӣ буда, ба системаи фондҳои асосии муассиса дохил шудааст. Ин фонд дар худ маҷаллаҳое аз асрҳои XIX то асри XX чоп гардидаанд дар бар мегирад. Дар он зиёда аз 2000 шумора бо номгўи зиёда аз 500 нусха маҳфуз аст.
Фонди маҷаллаҳои то инқилобии шуъбаи депозитарии Китобхона аз як катор коллексияҳо ва маҷаллаҳои шахсӣ иборат буда, аз чиҳати мазмун кўҳнашудаанд, вале дар айни замон яке аз бойтарин маҷмуаҳои илмӣ ва таърихӣ ба шумор мераванд.
Ба фонди мазкур нашрияҳои давраи пеш аз инқилоб ва давраи Ҳокимияти Шўравӣ шомил буда, дар он маҷаллаҳои марказӣ ва вилоятӣ, инчунин маҷаллаҳои гуногуни ҳизбӣ, кумитаҳои ҳарбӣ, вилоятӣ ва дигар гурўҳҳои ҷамъиятӣ, ки каме пеш аз инқилоб ва дар солҳои аввали Ҳокимияти Шўравӣ нашр мешуданд, шоимл шудаанд.
Чуноне ки ишора шуд, дар шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ маҷмуаҳо аз солҳои 1700 то замони Иттиҳоди Шўравӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Идигул Нусратуллозода,
сардори шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ.