56 сол пеш. Интиқоди тунди Расул Ҳодизода аз забон ва услуби насри бадеии адибони ҷавон
Ноинсофист, барои он ки агар мо – нависандагон – хоҳ хурду хоҳ калон- забонамонро тоза нигоҳ надорем, онро аз тааррузи ҳар нодоне муҳофиза накунем, пас ин корро кӣ мекунад?! Махсусан ҷавон бояд аз ибтидои эҷодиёти худ ба ин кор худро омўхта кунанд, вагарна пас аз навиштани ду – се асар худро аз ин роҳ боздоштан душвор мешавад. Мо бояд забони худ, он чизи муқаддасеро, ки ба воситаи он афкору андешаҳои баландро ифода мекунем, ҳамеша пок дорем ва эҳтиром кунем!
ЧАНД МУЛОҲИЗА
Аҳамияти пленуми мо дар он аст, ки вай яке аз соҳаҳои муҳимтарини адабиёти мо – насри бадеӣ ва яке аз мавзўъҳои муҳимтарини ин наср – мавзўи замони ҳозираро муҳокима мекунад. Дар бораи мавзўи замони имрўза ҳам дар музокира хеле сухан карданд. Дар маърўзаи Масъуд Муллоҷонов махсусан таҳлили асарҳое, ки дар мавзўи замони имрўза навишта шудааст, хеле ба тафсил омадааст. Дар ин ҷо ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки соҳиби маърўза агар аз таҳлили асарҳои ҷудогона бештар ба пролема ва масъалаҳое, ки дар насри тоҷик дар тасвири мавзўи имрўза ба миён омадаанд, диққат мекард ва онро ба муҳокимаи умум мегузошт, мазмуну сифати маърўза як барчанд меафзуд.
Дар маърўза ба таҳлили асарҳои таърихӣ камтар диққат дода шудааст. Таҳлили ду асари барҷастаи солҳои охир романи «Восеъ»-и С.Улуғзода ва романи Ҷ.Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дар сояи асарҳои дигар мондаанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки асарҳои мазкур ба мавзўъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Ба фаҳми ман ба мавзуъҳои таърихӣ асар навиштан аз талаботи замони имрўза ва аз муҳиммоти рўзмараи адабиёт дур рафтан нест. Аз сабаб умуман ба мавқеъ ва аҳамияти асар фақат аз ҷиҳати таърихи воқеъаҳои тасвиршаванда баҳо додан нодуруст аст.
Халқи мо таърихи бузург ва қадима дорад. Дар илм дар соҳаи омўхтани таърихи халқи мо корҳои зиёде анҷом гирифтааст. Аммо дар адабиёти бадеӣ тасвири воқеаҳои гузашта, аз ҷиҳати бадеӣ офаридани образҳои қаҳрамонҳои таърихӣ, шахсони бузурги тамаддуну санъат ҳанўз ба дараҷаи талаботи замон нест. Мо бояд воқеа ва шахсони таърихиро на танҳо бо ҳуҷҷату санадҳои илмӣ, балки ба воситаи тасвири бадеӣ низ биёмўзем ва дар назари ҳалқ ҷилваргар созем. Агар хато накунам, Максим Горкий гуфта буд, ки образи шахсони таърихӣ аз тасвири нависандагони пўрзуртарини ҷаҳон дар хотиру тасаввуроти ў аз китобҳои илмӣ дида бештар намоёнтар, барҷастатар ва муассиртар боқӣ мондааст. Аз ин нуқтаи назар ба воқеаҳои таърихӣ мурочиат кардани нависандагони мо як майлони солим ва қонунии тараққиёти насри бадеии мо ба шумор меравад.
Таърихи халқи мо давраи истибдоди феодалӣ, зулму ҷабри ваҳшиёна, ҳамлаву ҳуҷумҳои ғоратгаронаи истилогарон – умуман замони торики истисмор ва беадолатиҳои иҷтимоӣ буд. Албатта, дар тасвири воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ мо аз ин фоҷеаҳои иҷтимоӣ ва даҳшатҳои ҷамъияти истисмогарона чашм пўшида наметавонем ва ба идеализасияи он даврҳо роҳ намедиҳем.
Аммо ба тарафи дигари ин масъала низ диққат кардан лозим аст. Халқи меҳнаткаши тоҷик дар шароити зулму истибдод ва беадолатиҳои иҷтимоӣ, дар давраҳои тиратарини истлои бегоназаминон, дар қатлу ғоратҳо ом- умуман дар муҳити душвортарин ва мудҳиштарин таърихи худ рўҳи зинда ва некбинонаи худро нигоҳ дошта тавонист. Арбоби маданият ва ходимони санъату шеър ба таъқиботи мутаассибони дин ва таҳдиду хатари ҷон нигоҳ накарда, дар назму насри худ, дар илму санъати худ нури маърифат ва хираду донишро барои халқ нигоҳ доштанд ва аз торикистони асрҳо ва аз як насл ба насли дигар мерасониданд.
Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки мо бояд дар тасвири воқеаҳои таърихӣ ва ҳаёти шахсони бузурги гузашта аз ин ҳақиқати таърихӣ чашм напўшем. Қаҳрамонҳои таърихиро на фақат ҷабру ҷафодида ва шахсони ҳамеша аз ситами замон пуштхамида нишон диҳем, мо бояд он қувва ва заминаҳоеро, ки ба ин ҷаврдидагон қуввату боварӣ ва иқтидору некбинӣ мебахшид, тасвир карда тавонем.
Дар тасвири тирагиҳои замони гузашта ва нурҳои иқтидору маърифати халқ дар адабиёти мороҳи беҳтарини эҷодии ибратбахш роҳи эҷодии устод Айнӣ аст. Устод Айнӣ на фақат разолату даҳшати замони гузашта, балки қувваҳои пуриқтидори муқобили ин разолату даҳшати он даврро нишон дода тавонист. Силсилаи образҳои ҷовидонии шахсони зиндадил, некбин, тимсоли иқтидору қудрати беҳамтои мунодиёни маърифату дониш- ҳамагӣ дар шоҳасари устод – «Ёддоштҳо» хеле ба хубӣ тасвир ёфтаанд.
Муҳаммадҷон Шукуров, ки дар арафаи ин пленум дар саҳифаҳои «Литературная газета» ва «Маориф ва маданият» аз насри имрўзаи мо сухан ба миён овард, ба ин нуқта хеле хуб ишора кардааст. Ба назарам, дар он ҷоҳое, ки ў дар тасвири образи Фирўза паси ҳам ба сари ин духтар фурў рехтани бадбахтиҳоро аз асари Ҷалол Икромӣ мисол меоварад, айнан аз таҷрибаи эҷодии устод Айнӣ хулоса гирифтааст. Ў қайд мекунад, ки Фирўзаро на фақат чун духтари аз ҷаври замон пуштхамида, балки барои дурустар кушодани хислатҳои ў муҳити дигари атрофиёни ўро тасвир кардан лозим буд. Ба назарам, дар ин бобат Шукуров фикри дурусте ба миён овардааст.
Дар маърўзаи Муллоҷонов ба эҷодиёти нависандагони ҷавон эътибори калоне дода шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки зиёда аз нисфи маърузаи ў ба таҳлили асарҳои солҳои охирини нависандагони ҷавон тахсис шудааст. Ин табиист. Зеро дар солҳои охир ба адабиёт ҷавонон хеле бисёр дохил шудаанд ва маҳсули эҷодии онҳо низ кам нест. Шахсан ман дар ду-се соли охир повесту ҳикояҳои Ю. Акобиров, М. Хоҷаев, М. Наҷмиддинов, Ҷ. Одинаев, Сорбон, Маъруф Бобоҷон ва дигаронро ҳам дар матбуоту ҳам дар мусаввадаҳо бисёр мехонам. Маро услубҳо гуногун ва роҳу салиқаҳои ҳархелаи тарзи баён ва тасвири бадеии онҳо шод мекунад. Дар ин ҷо дар ҳаққи бисёри онҳо суханҳои хуб гуфта шуд ва камбудиву нуқсонҳои эҷодии онҳоро низ нишон доданд. Ман низ оид ба як камбудие, ки ба аксари ҷавонони мо мансуб аст, сухан карданӣ ҳастам. Ин камбудӣ бештар ба певестҳои солҳои охирин дахл дорад ва он ҳам маҳдудияти мавзўи повестҳо мебошад. Аксари мавзўъҳо хеле хурд мебошанд ва аксари онҳоро дар доираи жанри ҳикоя ба тамом тасвир кардан лозим аст. Азбаски мавзўъ ва доираи воқеаҳо хурд аст, аксар вақт тасвиру тавсиф кашол меёбад, хонандаро дилгир мекунад. Аз тарафи дигар, мавзўъ ва воқеа, ки хурд аст, мо харектери қаҳрамон ва персонажҳои асосии асарро низ кушода дода наметавонем. Охир хислати инсон ва дунёи ботинии ў бо воситаи тавсиаи воқеаҳо ва дар дохили ҳодисаҳои гуногун, дар амалиёти онҳо нишон дода мешавад. Маҳдудияти мавзўъ ва доираи амалиёту воқеа бошад, ба тасвири хислату психологияи қаҳрамонҳо монеъ мешавад. Якрангии қаҳрамонҳо на фақат дар як повест, балки дар чандин повести як нависанда ба иллати ҳамин камбудӣ зоҳир мешавад. Бинобар ин зарур аст, ки нависандагони ҷавони мо ба воқеаҳои гуногун ва пурдоманаи зиндагӣ ҳарчи далертар иқдом намоянд ва дар дохили ин воқеаҳо хислату харектерҳои гуногуни қаҳрамони замони моро биёфаранд.
Як камбудии дигари ҷиддии асарҳои нависандагони ҷавони мо дар камбағалӣ ва беобурангии забони онҳост. Ҳатто дар баъзе мавридҳо мо дар ҳикояву повестҳо вайрон шудани қонуну қоидаҳои одии забони адабиро мебинем. Забон мояи асосии асари бадеист. Маояи асосӣ, ки хароб шуд, пас мо чӣ хел ба бадеияти асарамон иддао карда метавонем. Вақте ки рассом дар даст рангҳои парида дошта бошад ё рангҳои нағзро кор фармуда натавонад, вай чӣ хел даъво карда метавонад, ки сурати нағз кашидааст ё кашида метавонад?
Дар вақти ҳозира ба забони асар беъэтиноӣ кардан ҳам айб асту ҳам дар ҳаққи забони қадиму бои тоҷикӣ ноинсофӣ кардан аст. Айб аст барои он ки дар вақти ҳозира дар адабиёт мо на фақат намунаи беҳтарини насри бадеии Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигар нависандагони калонсолро дорем, балки дар вақтҳои охир ба саъю кўшиши олимонамон бисёр асарҳои адабиёти классикӣ низ ба табъ расидааст, ки аз ҳар яки онҳо нависандагони ҷавон як ҷаҳон маънӣ омўхта метавонанд. Аммо вакте ки хас ҳикояву повестҳои ҷавонро мехонад, таассуроте ҳосил мешавад, ин онҳо ҳатто асарҳои устод Айниро ҳам дурусттар (яъне аз нуқтаи назари омўзишу ибрат) нахондаанд.
Ноинсофист, барои он ки агар мо – нависандагон – хоҳ хурду хоҳ калон- забонамонро тоза нигоҳ надорем, онро аз тааррузи ҳар нодоне муҳофиза накунем, пас ин корро кӣ мекунад?! Махсусан ҷавон бояд аз ибтидои эҷодиёти худ ба ин кор худро омўхта кунанд, вагарна пас аз навиштани ду – се асар худро аз ин роҳ боздоштан душвор мешавад. Мо бояд забони худ, он чизи муқаддасеро, ки ба воситаи он афкору андешаҳои баландро ифода мекунем, ҳамеша пок дорем ва эҳтиром кунем!
Ин буд чанд мулоҳизае, ки ба арзи ҳозирон расидан мехостам.
МАНБАЪ: “Садои Шарқ”, соли 1969, №7
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.