57 сол пеш дар “Садои Шарқ” Тақриз ба китоби “Илҳом”-и Қутбӣ Киром, ки соли 1968 чоп шудааст

Қутбӣ КиромҲар як маҷмўаи нави шоир номаест, ки ў ба номи мухлисони ашъори худ онро ба тозагӣ иншо менамояд. Вале барои хонанда танҳо он номаҳо азизу мўътабаранд, ки садои ноором ва ҳаракати бетаваққуфи дили эҳсоспарвари муаллифро дар худ ниҳон доранд. Аз ин нуқтаи назар мунтахаби тозаи шеърҳои шоири ҷавон Қутбӣ Киромро метавон ба номаи дилкаше  монанд кард, ки аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ва манзараҳои дилфиреби зиндагии муосир ҳикоят менамояд.

Муҳаббати беандоза ба ҳаёт ва мардум, садоқат ба Ватан ва хоки муқаддаси он, эътиқоди комил ба тантанаи фардои боз ҳам нуронӣ бўи муаттарест, ки аз сурудаҳои шоир ба машоми ҳаводорони  шеър мерасад.

Шеърҳои «Тоқии чоргул», «Ҷомаи беқасаб», «Армоншикан», «Фарзанди кўҳ», «Эъҷози одамӣ», «Сухани фарзандон», «Бородино», «Падар», «Оҳанги дигарам», «Дар ёди бачагӣ», ки бо як нафосати баланд навишта шудаанд, аз такомули эҷодии муаллиф гувоҳӣ медиҳанд.

Қутбӣ Киром фарзанди кўҳсор аст, ки бо шунидани нолаи булбули саҳархезу хониши кабки дарӣ ва садои шаршари оби Зарафшону чашмасорони мусаффо ба камол расидааст. Ў ҳунари ганҷи маъниофариро аз кўҳҳои босахои зодгоҳи азизаш омўхтааст:

Ман зодаи кўҳам, дили ман ҷўраи рўд аст,

Боле, ки маро авҷ диҳад, боли суруд аст.

Ҳамқисмати ман чашма бувад, ҳамсари ман гул,

Ҳамдасти ман қулла, ки бар чархи кабуд аст.

Ман бохабар аз нолаи кабку дили шоҳин,

Манзил ба раҳи селу лаби ҷар, ки намудаст?

Дар мулки муродам набувад ҷой ба давлат,

Ҳосил зи ҳама умр ҳамин буду набуд аст.

Як пора санги кўҳсор, як пора замини санглохи он низ барои шоир ҳамчун ҷузъи таркибии Ватани паҳноварамон азиз мебошад:

Ҷои давлат, ҷои сарват нест дар аъзои ман,

Мениҳам сар пеши пои он ки бошад аҳли дард.

Пораи санги Ватан гулғунчаи раънои ман!

К-ў маро ин сон мулоимхўю одамбоз кард.

Осори баҳампечии маънии тозаю баёни бофасоҳат дар яке аз беҳтарин шеръҳои маҷмўа «Армоншикан»зоҳир гардидааст. Аз тамом шудани ҷанг солҳои зиёде гузашта бошад ҳам, модар то имрўз дар орзуи дидори фарзанди меҳрубонаш аст. Вай чун олиҳаи сабру таҳаммул дар соҳили рўди шўхшанг нишаста, вайронаи дилашро бо обу хоки муқаддаси Ватан таъмир мекунад:

Вале ҳар бегаҳӣ дар парчи пул биншаста танҳо ў,

Гаҳе бо хеш омезад, гаҳе бо мавҷи беохир.

Рухи фарзандро аз обу хоки Ватан дида,

Тасалло ёфта вайронаи дил мекунад таъмир.

Мақтаи шеъри «Бородино», ки як навъ рўҷўи мантиқист, ҳар яки моро бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва асоратнописандӣ бой мегардонад.

Сад шоҳини паршикаста ин ҷо,

Доранд ҳанўз майли парвоз.

Аз синаи ҳар мазори бе ном,

Ҳамвора расад ба гўш овоз:

– Эй аҳли башар, Ватан азиз аст,

Озодии ҷону тан азиз аст.

Бо таассуфи зиёд бояд қаёд кард, ки дар гулистони ҳаёти мо баъзан хорҳои алоҳидае пайдо мешаванд, ки аз ботлоқи ахлоқи ба мо бегона ғизо гирифта, ҳангоми сайри гул ё ба по ва ё ба дасти мо мехаланд. Аниқтараш, шахсони ради маъракае пайдо мешаванд, ки дар таъсири мафкураи буржуазӣ номи нангини «хоин»-ро мегиранд, ба доми тазвири душмамонони ватани мо меафтанд. Шоир анна ҳамин қабил ватанфурўшонро сахт маҳкум карда, сатрҳои оташини «Оҳанги дигарам»-ро офаридааст. Дар рўзҳои мурофиаи судии дастёрони ахлоқи буржуазӣ- Синявский ва Даниэл офарида шудани шеъри номбурда тасодуфӣ нест. Ў ба хотири «сарҳои сабзи хокгашта» ва «хуни рехтаи шаҳидон» савганд мехўрад, ки навбатгузори сарҳадди номусу шарафи Ватан бошад:

Бар рўҳи поки Зоя, ки ў буд хоҳарам,

Бар хандаҳои поки Неъмати ҳамболу ҳампарам,

Бар хандаҳои тифламу бар қаҳри дилбарам,

Савганд мехўрам, ки ман хушдори меҳанам,

Навбатгузори сарҳадди бедори меҳанам.

Забон ва тарзи баёни маҷмўаи «Илҳом» боиси тақдир аст. Шоир ин дафъа дар истифода бурдани ибора ва калимаҳои дар забони умумихалқии мо маъмул як навъ ҷасорат нишон додаст. Зеро ў ҳам амсоли дигар адибон нағз медонад, ки устод Садриддин Айнӣ дар ин хусус чӣ гуфтааст: «Бояд нависанда аз ҷиҳати забон дар ҷое истад, ки дасти халқ ба вай расад ва бо як ишорат ба ҳимояи ў, ба паҳлуи ў баромада тавонад.

Нависанда аз забони халқ чӣ гуна бояд истифода кунад? Ба фаҳми ман ва таҷрибаи ман забони халқ анборҳои холинашавандаи моли хом аст. Вазифаи нависанда ин молҳои хомро ғундошта дар майнаи худ кор карда, боб ва дилкаш намуда, ба халқ ин матои дилкашро бо таҳсин ва табрик қабул намуда, ба устоди забонаш ташаккур баён мекунад».

Чунин ифодаҳои ба ҳама фаҳмою дастрас «ҷеҳак», «убол», «муштамзўр», «ғинҷ гаштан»,  «карки пистаи тар», «кўкўтии тар», «дар сарҳо лачак», «рағза» ва ғайраҳоро истеъмол кардани шоир далели талоши ў барои оммафаҳмии шеър мебошад.

Табиист, ки ҳар як асари хуб чун офаридаи ақли инсон то андозаи муайян аз норасоиҳо холӣ нест. Вагарна дар зиндагӣ ҳеҷ гуна навоварӣ, пешрафт ва талошу ҷустуҷўйҳои тоза ба тоза ба вуқуъ намеомад.

Агарчи, чи тавре ки ишора кардем, аксарияти шеърҳои маҷмўа аз ҷиҳати лафзу маънӣ тозагие дар худ доранд, дар он чанд шеъри нисбатан суст низ ҳаст. Чунончи шеърҳои «Бўи бунафша мекунад», «Ниҳон аз ман», «Шоира», «Бе шумо», «Баргҳо» хилъати қоиму барҷои бадеият дошта бошанд ҳам, мазмунан нав нестанд.

Баъзе фикрҳои дар боби «Сонетҳо» ифода ёфта ҳам, ба назари мо, баҳсталабанд. Махсусан қисми авали онҳо як навъ муғлақанд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо асосан, сухан дар бораи заҳмати шоирӣ ва дақиқии ин ҳунари душвор меравад.

Шоир ҳам мисли дигар аъзои ҷамъият асту чун фард ба он бо риштаҳои зиёд пайвастагӣ дорад, аз як ҳаво нафас мегираду аз як замин ғизо. Аммо вай чун фарди ҳамин ҷамъият набояд ҳодисаҳои тасодуфиро аз мавқеи субъективизм маънидод кунад ва мисраи ба ғоят пурмаъно: «шоир андар синаи миллат чу дил» бояд ибтидою интиҳои маслаки эҷодии ў бошад.

Аз чӣ бошад, ки Қутбӣ Киром дар шеъре бо «сари бесару» «дили бедил» ва «хандаҳои ноладору» нолаҳои «хандадораш» аз дасти ҳаёт гила мекунад?

Шуд сари бесар, дили бедил насибам аз ҳаёт

Хандаҳоям нола дорад, нолаҳоям хандае.

Ман чӣ меҷўям, чӣ мепурсам, чӣ месозам аз худ,

Гўиё дар рўзгорон ҳам шаҳам, ҳам бандае.

Ҳаёт ба ҳама мо ҳам сару ҳам дил бахшидааст, ки яке хонаи фикрҳосту дигаре манзили муҳаббат. Хушбахтона,мо дар эҷодиёти Қутбӣ Киром акси ин гуфтаи худи ўро мебинем. Агар ҳаёт ба ў сари бесар ва дили бедилро насиб мекунонд, шеъри ў насиби мо намешуд. Агар гап дар бораи «хандаҳои гирядору» «гиряҳои хандадор» равад, пас сабаби ин ҳодисаи ғайриодиро, ақаллан дар сатрҳои худи шоир намебинем. Пас ҷӣ ҳоҷат ба ин фикрҳои сарошёна, ки нардбони мантиқи ҳаёти воқеӣ ба он расида наметавонад?

Шоир неъматҳои маънавӣ меофараду коргару деҳқон сарватҳои моддӣ. Ин ҳарду неъмат ҳам баробарвазн, ҳам баробарқиматанд.

Агар ягон ҷузъи моле норасо бошад, онро ба истифода намедиҳанд. Шеър ҳам бояд дар тарозуи сифат бар кашида шаваду баъд дастраси ҳаводорону хонандагони худ гардад.

Маҷмўаи нави ашъори Қутбӣ Киром шоистаи тақдир аст.

Қосим Насим.

Манбаъ: «Садои Шарқ», соли 1968,№11
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон.